ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Пагоҳ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба истироҳат мебароянд

Март 20, 2023 15:15

ДУШАНБЕ, 20.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 21 март хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ба таътили баҳорӣ мебароянд ва чоряки сеюми таҳсил ҷамъбаст карда мешавад. Дарс дар мактабҳои мамлакат 27 март оғоз меёбад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, таътили баҳории хонандаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ 5 рӯз ихтисор мешавад, зеро бо сабаби сардиҳои шадид хонандагон дар зимистони соли равон аз муҳлати муқаррарӣ 8 рӯз бештар истироҳат карданд. Ҳамин тавр имрӯз, 20 март  танҳо барои хонандагони синфҳои болоӣ, яъне синфҳои аз 5 то 11 дарсӣ муқаррар гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки қаблан бар асоси қарори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили зимистона барои хонандагони муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ва муассисаҳои томактабӣ то 20 январ тамдид шуда буд.

«Бо назардошти сард омадани ҳаво ва бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ таътили зимистона то 20 январи соли 2023 тамдид карда шуд», -шарҳ доданд дар ин ниҳод.

Дар давраи таътил ба хонандагон рӯйхати китобҳо барои мутолиа тавсия мешавад.

Таъкид карда шуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва ватанпарварӣ тарбия намудани насли наврас ҳамеша корҳои муфид ва барномаҳои тарбиявӣ амалӣ месозад.

Масъулини соҳаи маориф иброз медоранд, ки падару модарон ва роҳбарони синфҳо бояд саёҳат ташкил намуда, бачаҳоро ба тамошои ҷойҳои таърихӣ ва осорхонаҳо баранд. Ҳамчунин роҳбарони синфҳо байни шогирдон сабқатҳои гуногуни шавқовар ороста, бояд оид ба муҳтавои китобҳои хондаашон суҳбат гузаронанд.

Инчунин ба хонандагон тавсия дода мешавад, ки дар давраи таътили баҳорӣ бештар ба мутолиаи асарҳои бадеӣ машғул шуда, дониш ва ҷаҳонбинии маънавии хешро васеъ намоянд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 20, 2023 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд