«ЗАН ВА ЗАМОН». Таҳти ин унвон дар Кумитаи кор бо занон ва оила ҳамоиш доир карда шуд
ДУШАНБЕ, 10.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик таҳти унвони «Зан ва замон» ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Дар ҳамоиш роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оила, намояндагони вазорату идораҳо ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки таҷлили идҳои баҳор, аз ҷумла Рӯзи Модар, Рӯзи матбуоти тоҷик- ин пеш аз ҳама, арҷгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қадру манзалати Зан-Модар, аҳли қалам ва эҷод мебошад.
«Имрӯз, ки фазои иттилоотӣ дар ҷомеа домани фарох дорад, дар ин раванд қаламкашон ва аҳли эҷод ҳамчун афсарони иттилоотӣ мавқеи хосса доранд. Муҳимтарин ҳодисаву воқеаҳо, дастовард ва навигариҳои тамоми соҳаҳои дохиливу хориҷӣ маҳз бо кӯшишу заҳматҳои рӯзноманигорон ба мардум расонида мешаванд. Дар ин замина саҳми занон низ хеле назаррас аст, зеро онҳо дар рушди соҳа саҳми арзанда мегузоранд», -гуфта шуд дар ҳамоиш.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022 иброз гардид, ки занон дар ҷомеа қувваи бузург мебошанд ва давлату Ҳукумат ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорад. Инчунин Президенти мамлакат бо қаноатмандӣ иброз намуданд, ки давлату Ҳукумат ҷалби занонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ боз ҳам вусъат мебахшад.
Дар охири ҳамоиш барои татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар инъикоси масъалаҳои рӯзмарраи чомеа як зумра рӯзноманигорон бо “Сипоснома” ва “Ифтихорнома”-ҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳрии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд






