7 АПРЕЛ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Соли 2022 дар Тоҷикистон 124 муассисаи тандурустӣ бунёд гардида, сохтмони 65 иншооти дигар идома дорад

Апрель 7, 2023 10:38

ДУШАНБЕ, 07.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии саломатӣ, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 7 апрел гузаронида мешавад, аз соати 8:00 то 14:00 дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» — шаҳри Душанбе аз ҷониби устодону профессорон ва мутахассисони баландпояи соҳавӣ ба сокинони пойтахт хизмати ройгони тиббӣ расонида мешавад. Чунин хизматрасонии тиббӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон доир карда шуда, аз ҷониби мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб машварат, муоина ва дигар амалҳои ташхисӣ ба таври ройгон анҷом дода мешаванд. 

Бояд гуфт, ки ҳамасола ин сана бо шиорҳои гуногун гузаронида мешавад. Имсол санаи мазкур бо пешниҳоди Созмони ҷаҳонии тандурустӣ таҳти шиори «Саломатӣ барои ҳама!» сурат гирифта, таҳти он ба аҳолӣ хизмати ройгони тиббӣ расонида мешавад.

Баргузории чунин чорабинии муҳим дар тамоми олам, хусусан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба тамоми табибони ҷаҳон аст, то дар роҳи сиҳатии мардум донишу таҷрибаи хешро дареғ надоранд ва вазифаи хешро шарафмандона ва бо садоқату самимият ба ҷо оранд. Фарогирии умумӣ ба хизматрасонии тиббӣ маҷмуи чорабиниҳоеро дар бар мегирад, ки ба пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳо равона гардидааст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳоло теъдоди умумии табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ дар ҷумҳурӣ мутаносибан 21 170 ва 61 383 нафарро ташкил медиҳад.

Рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамеша зери таваҷҷуҳи хосса ва дастгирии доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Маҳз ҳамин дастгириҳо сабаби беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои солимии аҳолӣ гардидааст.

Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз гардид, барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он бунёди муассисаҳои нав, навсозии муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани онҳо зарур мебошад.

«Бо ин мақсад танҳо дар ду соли охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ ба маблағи зиёда аз 1 миллиард сомонӣ беш аз 200 номгӯй таҷҳизоту дастгоҳи муосир дастрас карда шуд», — изҳор доштанд Пешвои миллат.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдулозода зимни нишасти матбуотӣ дар шашмоҳаи аввали соли равон иброз дошт, ки баҳри амалӣ намудани сиёсати иҷтимои Ҳукумати мамлакат соли 2022 дар ҷумҳурӣ 124 муассисаи тандурустӣ бунёд карда шуд, ки инҳо 101 муассисаи КАТС, 16 муассисаи госпиталӣ ва 7 муассисаи хусусӣ буда, дар 65 муассисаи тандурустӣ (51 Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС), 11 муассисаи госпиталӣ ва 3 муассисаи хусусӣ) корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Барои пурра таъмин намудани муассисаҳои тандурустии мамлакат бо кумаки аввалин соли сипаригардида 115 нақлиёти ёрии таъҷилӣ ба муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ, аз ҷумла 6 адад ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 50 адад ба вилояти Хатлон, 28 адад ба вилояти Суғд, 12 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 16 адад ба шаҳри Душанбе ва 2 адад ба муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ дастрас карда шуд.

Саломатӣ асоси некӯаҳволии инсоният, шахс, оила ва ҷамъият ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста иброз медоранд, ки «солимии ҷомеа боигарии давлат аст».

Ба андешаи олимони ҷаҳон, инсон метавонад 100 сол умр бинад, агар аз лаҳзаи ба дунё омаданаш тарзи ҳаёти солимро риоя намояд. Зеро тарзи ҳаёти солим яке аз роҳҳои бисёр камхарҷ ва пурсамари ҳифзи тандурустии миллат, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои саломатӣ мебошад. Аз ин рӯ Ҳукумати мамлакат моҳи декабри соли 2021 «Барномаи миллии тарзи ҳаёти солимро барои солҳои 2022-2026» қабул намуд. Ин барнома роҳнамои кори тамоми кормандони марказҳои тарзи ҳаёти солим мебошад.

Ҳадафи асосии барнома ташаккули муносибати нави шаҳрвандон тавассути асосҳои тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии сокинони мамлакат, тағйири рафтор нисбат ба саломатии хеш, дарки моҳияти тарзи ҳаёти солим, татбиқи барномаҳои самараноки минтақавӣ оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим, такмили системаи тайёркунӣ, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани ихтисоси мутахассисони соҳаҳои гуногун оид ба масъалаҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, такмили сохтор ва таъсиси заминаи моддию техникии марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани самаранокии кори онҳо мебошад.


Тавре баён доштем, соҳаи тандурустӣ аз соҳаҳои муҳим ба шумор рафта, дар ин самт тамоми шароити мусоид фароҳам гардида истодааст. Бо истифодаи шароити муҳайёгардида ҳоло дар ҷумҳурӣ табибон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом медиҳанд, ҳол он ки дар гузашта барои анҷоми он сокинони мамлакат ба муассисаҳои тиббии хориҷӣ муроҷиат менамуданд.

Инчунин дар муассисаҳои илмию таълимии вазорат дар маҷмуъ 13 232 корманди соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ ба таҳсили баъдидипломӣ фаро гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2021 10,7 фоиз зиёд мебошад. Дар соли сипаригардида 316 мутахассис даврҳои бозомӯзиро дар муассисаҳои таълимии хориҷи мамлакат гузаштанд, ки нисбат ба соли гузашта 3 баробар зиёд мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 7, 2023 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли равон дар вилояти Суғд таъмир ва сохтмони беш аз 100 муассисаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст
Дар Душанбе Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор мешавад
Дар Тоҷикистон дар нуҳ моҳ гирифторӣ ба бемориҳои шадиди рӯда зиёд шудааст
26 ОКТЯБР-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Онҳо дар таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши муҳим доранд
Дар Душанбе оид ба риояи дурусти қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми заминларза корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид
Дар Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонии ноҳияи Восеъ аз рӯи 5 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд
24 ОКТЯБР — РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Нақши он дар ҳимояти ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии кормандон назаррас аст
Дар ноҳияи Шоҳмансур вобаста ба пешгирии ҳолатҳои фавқулода корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Дар маркази ноҳияи Данғара бунёди 315 бинои истиқоматии аз 9 то 16 ошёна ба нақша гирифта шудааст
Бахшида ба Рӯзи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳамоиши фарҳангӣ доир карда шуд
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад