Агар Замин ба самти муқобил гардиш намояд: олимон гуфтанд, ки чӣ тағйир меёбад
ДУШАНБЕ, 16.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сайёраи мо дар атрофи меҳвари худ ба самти шарқ давр мезанад, бинобар ин мо дар шарқ пайдо шудани Офтоб ва дигар ҷирмҳои осмониро дар осмон мебинем ва мувофиқан ғуруби Офтоб дар ғарб ба амал меояд. Вале, агар мо тасаввур кунем, ки Замин ба тарафи ғарб гардиш мекунад, пас он гоҳ дар сайёраи мо дигаргуниҳои бисьёр ба амал меоянд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба АЗЕРТАҶ иттилоъ медиҳад, дар ин хусус «IFLScience» навиштааст.
Тасаввур кунед, ки масалан, аз фардо Замин дар меҳвари худ ба самти муқобил давр занад. Дар ин ҳолат сайёраи мо чӣ гуна тағйир меёбад?
Агар мо тасаввур кунем, ки гардиши Замин якчанд хазор сол пеш аз ин тағйир ёфта бошад, он гоҳ сайёраи мо ҳозир тамоман дигар хел менамояд. Масалан, биёбони машҳури Сахара дар Африқо умуман вуҷуд намедошт. Тамоми қаламрави Африқо ва Шарқи Наздик бо набототи сершумор фаро гирифта мешуд. Яъне, дар ин ҷо ҷангалзор назар ба ҳозира хеле зиёд мебуд. Ҳамзамон ҷануби ИМА, Амрикои Марказӣ, ҷануби Бразилия ва тамоми Аргентина ба биёбон табдил меёфт. Ва ин ба қаламрави Ҷопон ва қисмати шарқии Чин низ дахл дорад.
Тағйир додани самти бодҳои сайёра ва ҳатто тағйири ҳаракати ҷараёнҳои баҳрӣ низ ба ҳарорат ва бориш дар рӯи Замин таъсир мерасонад. Дар минтақаҳое, ки ба биёбон табдил ёфтаанд, ҳаво хеле гарм мешуд ва иклими он ҷо боз ҳам хушктар мегардид. Дар он вақт Аврупо, Африқои Шимолӣ, Шарқи Наздик, инчунин Австралия ва Зеландияи Нав хеле сардтар ва иқлимашон хеле намтар мебуд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
Акс: «АЗЕРТАҶ»








ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид






