Ҷайҳун: 400 тонна пиёзи барвақтӣ ба фурўш бароварда шуд
ДУШАНБЕ, 19.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Қариб 400 тонна пиёзи барвақтии хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон аллакай ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба фурўш бароварда шуд, ки он ба паст гардидани нархи ин маҳсулоти ниёзи аввалия мусоидат намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳудуди 10 рӯз аст, ки дар ин ноҳия хоҷагидорони пешқадам пайи ҷамъоварии ҳосили пиёз гашта, арзиши онро ба 3 ва 3 сомону 50 дирам поин намуданд.
Тавре мутахассиси шуъбаи кишоварзии ноҳияи Ҷайҳун Қудбиддин Аминов иттилоъ дод, соли равон деҳқонони ноҳия дар майдони 3 ҳазору 400 гектар пиёзи барвақтии навъи тунис кишт карда, то имрӯз беш аз 20 гектари онро ҷамъоварӣ намуданд.
«Ҳосили пиёз дар саҳро фаровон буда, хоҷагидорон аз 1 гектар 400-450 сентнер ҳосил ба даст оварда истодаанд»,- илова кард ў.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






