Ҳайати фарҳангу санъати Туркманистон ба Тоҷикистон омад
ДУШАНБЕ, 07.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иштирок дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» ба муносибати сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузор намудани барномаи консертӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон як гурӯҳ намояндагони фарҳангу санъати Туркманистон ба Тоҷикистон омад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Аҳли фарҳанги Туркманистон аз боғи «Парчами миллӣ», Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Кохи Наврӯз боздид намуда, барои худ таассуроти нек гирифтанд.
Ҳамзамон меҳмонон аз накҳати гулҳои рангорангу лолаҳои мавсимии хиёбону гулгаштҳои пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе дидан намуданд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад






