Ҳайати мақомоти гумруки Тоҷикистон дар «Korea customs week-2023» дар Сеул иштирок намуд

Апрель 26, 2023 17:40

ДУШАНБЕ, 26.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Сеул дар доираи  «Korea customs week— 2023» /Ҳафтаи гумруки Корея -2023/ нахустин Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Ҳамкории ҷаҳонӣ ва гумруки рақамӣ» оғоз ёфт, ки дар кори он  Тоҷикистонро сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон Хуршед Каримзода намояндагӣ дорад. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Хадамоти гумруки Кореяи Ҷанубӣ аз созмондиҳандагони конфронси байналмилалӣ буда, дар он роҳбарон ва намояндагони мақомоти гумруки 75 давлати ҷаҳон,  соҳибкорону мансабдорони дохиливу хориҷӣ, ҳайатҳои расмӣ, намояндагони  созмонҳои бонуфузи молиявӣ ва байналмилалӣ, назири Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва Созмони ҷаҳонии гумрук ширкат доранд.

Дар доираи «Ҳафтаи гумруки Корея-2023» масъалаҳои мусоидат ба ҳамкории байналмилалии гумрукӣ, бунёди шароити мусоид барои тиҷорат ва амнияти иқтисоди ҷаҳонӣ дар руҳияи ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Интизор меравад, ки иштирокдорони конфронси байналмилалӣ роҳҳои ҷорӣ кардани технологияҳои нав дар идоракунии гумрук бо назардошти тамоюлҳои охирини зеҳни сунъӣ, табодули иттилоот оид ба ошкор кардани молҳои ғайриқонунӣ, ба мисли маводи мухаддир ҳангоми сохтани низоми тиҷорати электронии гумрукӣ  ва дигар масъалаҳои муҳимро баррасӣ намоянд.

Инчунин дар доираи «Ҳафтаи гумруки Корея -2023»  имзои созишномаҳои бисёрҷониба  дар назар дошта шуда, инчунин он дар самти баланд бардоштани нақши мақомоти гумрук дар эҳёи тиҷорат ва ҳалли мушкилоти гумрукии хориҷӣ вобаста ба монеаҳои ғайритарифӣ тавассути вохӯриҳои корӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар доираи ин конфронс барномаҳои мушаххас, аз қабили  мизи мудаввар барои роҳбарони мақомоти гумрук, семинар оид ба масъалаҳои танзими тарифии гумрукӣ,  мулоқоти дуҷониба ва  намоиши технологияҳои инноватсионии гумрукӣ пешбинӣ шудаанд.

Ҳамоиш таҳти раёсати сардори Хадамоти гумруки Корея гузаронида шуда, дар доираи он табодули таҷриба ва сиёсати гумрукии ҳар давлат, инчунин таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ ҷиҳати бунёди низоми устувори мутақобила оид ба тиҷорати байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин дар конфронси байналмилалӣ масъалаҳои таҳияи шартномаҳои байналмилалӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ, ҷорӣ намудани низоми «Равзанаи ягона» байни мақомоти гумрук, мубодилаи маълумот байни мақомоти давлатӣ ва танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.

«Ҳафтаи байналмилалии гумруки Корея 2023» то 28 апрел идома меёбад.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 26, 2023 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

EKHIZMAT.TJ. Ин портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ба шаҳрвандон 83 номгӯй хизматрасонии давлатӣ пешниҳод менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ ошкор карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос гардид
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Иқтидору имконияти сармоягузории Тоҷикистон дар Форуми B5+1 дар Бишкек муаррифӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Ассамблеяи умумии Созмони ҳамкории рақамӣ иштирок намуд
Дар теппаҳои шоҳроҳҳои Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ беш аз 106 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо фаъолияти кишоварзони шаҳри Исфара шинос гардид
Рушди ҳамкории тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баррасӣ гардид
АФЗОИШИ ИЗОФАНАВИСИИ ЭНЕРГИЯИ БАРҚ БА СУРАТҲИСОБИ МУШТАРИЁН. Агентии назорати давлатии энергетикӣ дар ин хусус иттилоъ медиҳад
ТАЪСИРИ ОМИЛИ ИНСОНӢ. Бо рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ он дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш меёбад
Ҷаласаи панҷуми Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи дастгирии энергетикаи устувор баргузор гардид