ALMATY ASIAN CADET CUP. 3 ҷудокори навраси тоҷик соҳиби нишонҳои биринҷӣ шуданд

Апрель 8, 2023 09:47

ДУШАНБЕ, 08.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 апрел дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон  мусобиқаи Ҷоми кушоди Осиё миёни наврасон оғоз шуд, ки дар рӯзи аввали ҷудокорони навраси тоҷик се медал дар даст оварданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи дзюдои  Тоҷикистон хабар доданд.

Дар рӯзи якуми мусобиқа 3 ҷудокори навраси тоҷик  Лоиқ Қутбудинов (55кг), Ворис Назаров (66кг)  ва Аминҷон Абдуҷалилзода (73кг) сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд.

Имрӯз дигар ҷудокорони тоҷик дар вазнҳои -81 , -90 ва +90 кг кувваозмоӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 13 ҷудокори тоҷик ҷиҳати иштирок ба мусобиқаи Ҷоми кушоди Осиё миёни наврасону ҷавонон, ки аз 7-ум то 9-уми апрел идома меёбад, сафарбар гардидаанд.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

Апрель 8, 2023 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад