АМАЛИЁТИ ПРОФИЛАКТИКИИ «ТАРТИБОТ». Дар Хоруғ қоидавайронкунии зиёди ронандагон муайян карда шуд
ДУШАНБЕ, 21.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди шаҳри Хоруғ аз ҷониби кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо истифода аз имконияти камераҳои Шаҳри бехатар амалиёти профилактикии «Тартибот» гузаронида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати мазкур хабар доданд.
Зимни баргузории амалиёти мақсаднок аз ҷониби нозирони роҳ миқдори зиёди қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ, ба монанди дар ҷои ғайримуқаррарӣ таваққуф намудани воситаҳои нақлиёт, итоат накардан ба аломати роҳ, дар дохили истгоҳи нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ ва қаторҳои дуюму сеюми роҳи мошингард гузоштани воситаҳои нақлиёт муайян ва нисбат ба ронандагон маводи маъмурӣ ба расмият дароварда шуд.
Қоидавайронкуниҳои мазкур ба танбашавии сунъии ҳаракат дар роҳ мусоидат намуда, ба ҳаракати бонизоми нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ ва ҳамзамон нақлиёти боркашони гаронвазн, аз қабили дулану фураҳо, ки масири байналмилалии Душанбе-Хоруғ-Қулмаро тай мекунанд, халал ворид мекунанд.
Дар натиҷа нисбат ба ронандагон аз рӯи қоидавайронкуниҳои содирнамудаашон бо талаботи моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкуниии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои минбаъд риоя намудани Қоидаҳои ҳаркати роҳ аз ҷониби нозирони роҳ суҳбатҳои профилактикӣ гузаронида шуд.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






