«Амонатбонк» дар оянда бо Бонки давлатии рушди Чин санади нави ҳамкорӣ ба имзо мерасонад
ДУШАНБЕ, 29.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки моҳи майи соли равон байни Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Бонки давлатии рушди Чин Ёддошти тафоҳум ҷиҳати ба роҳ мондани боз ду созишномаи хати нави қарзӣ ба имзо расад. Чунин таъкид гардид дар мулоқоти Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ бо ноиби Президенти Бонки давлатии рушди Чин Ван Вэйдун.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад, ки мулоқоти роҳбарони «Амонатбонк» ва Бонки давлатии рушди Чин дар иёлати Гоаи Ҳиндустон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай доир гардида, раиси «Амонатбонк» оид ба дастовардҳои молиявии бонк маълумот манзур намуд.
Мавсуф афзуд, ки дар доираи Иттиҳоди байнибонкии СҲШ Бонки давлатии рушди Чин яке аз шарикони муҳим ва боэътимоди «Амонатбонк» маҳсуб мешавад.
Ноиби Президенти Бонки давлатии рушди Чин Ван Вэйдун гуфт, ки «Амонатбонк» ягона бонке ҳаст, ки бо Бонки давлатии рушди Чин таърихи хуби ҳамкории муштарак дорад ва ин барои мо муҳим ва қобили эҳтироми хосса аст.
Дар заминаи мулоқоти пурмуҳтаво роҳбарони бонкҳо ба мувофиқа расиданд, ки моҳи майи соли равон ҷиҳати ба роҳ мондани боз ду созишномаи хати нави қарзӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонанд.
Ҳамкории «Амонатбонк» бо Бонки давлатии рушди Чин аз соли 2008, яъне аз санаи пазируфтани «Амонатбонк» ба Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай сарчашма мегирад.
«Амонатбонк» ва Бонки давлатии рушди Чин тайи ин солҳо дар доираи ҳамкории муштарак беш аз 8 созишномаи қарзӣ бо маблағҳои гуногун ҷиҳати рушди соҳибкории хурду миёна ва Ёддошти тафоҳум оид ба бозомӯзии кормандони бонк дар донишгоҳҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расонидаанд.
АКС: «Амонатбонк»








Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0400 то 11.0657 сомонӣ муқаррар шудааст
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар Тоҷикистон ба 381 ҳазор адад расид
Ҳайати Туркманистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба Душанбе омад
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид






