«Амонатбонк» ва «Бонки рушди Қазоқистон» тасмим гирифтаанд, ки Созишномаи хати қарзӣ ба имзо расонанд

Апрель 28, 2023 14:36

ДУШАНБЕ, 28.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ байни «Амонатбонк» ва «Бонки рушди Қазоқистон» дар самтҳои гуногун зимни  мулоқоти раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ бо раиси Раёсати Ҷамъияти саҳомии  «Бонки рушди Қазоқистон» Нурлан Байбазаров, ки  дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони хамкории Шанхай дар иёлати Гоаи Ҳиндустон баргузор гардид, баррасӣ карда шуд.

Ба АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ доданд, ки мусоҳибон  ҳамзамон масъалаҳои марбут ба табодули таҷриба ва маблағгузории савдо барои рушди гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Қазоқистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси Раёсати Ҷамъияти саҳомии «Бонки рушди Қазоқистон» Нурлан Байбазаров пешниҳод намуд, ки омода аст ояндаи наздик бо «Амонатбонк» Созишномаи хати қарзӣ ҷиҳати рушди гардиши молу маҳсулот байни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро  ба имзо расонад.

Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ пешниҳоди роҳбарияти «Бонки рушди Қазоқистон»-ро бо хушнудӣ пазируфта, омодагии ҳамаҷонибаи худро дар самтҳои манфиатнок иброз намуд.

    АКС: «Амонатбонк»

Апрель 28, 2023 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1108 то 0.1140 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст