Аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва боғу гулгаштҳои вилояти Суғд зиёда аз 24 ҳазор нафар дидан намудааст
ДУШАНБЕ, 24.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар се моҳи аввали соли равон аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва боғу гулгаштҳои вилояти Суғд зиёда аз 24 ҳазор нафар боздид намудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят.
Тибқи иттилои масъулини шуъбаи рушди сайёҳии вилоят, дар ин давра 920 сайёҳи хориҷӣ аз вилоят дидан кардааст.
Бояд таъкид кард, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 43 ширкати сайёҳӣ ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ – Шӯрои рушди сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон фаъолият мебарад.
Ҳамзамон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 95 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 64 меҳмонхона, 19 осоишгоҳ, 2 маркази муолиҷавӣ, 4 дармонгоҳи табобатӣ-истеҳсолӣ, 4 лагер, 1 хона ва 1 базаи истироҳатӣ бо ғунҷоиши зиёда аз 7000 ҷой, 24 осорхона ва 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 97 зиёратгоҳ, 22 боғи фарҳангию фароғатӣ ва зиёда аз 1200 нуқтаи хӯроки умумӣ, аз қабили қаҳвахона, ошхона ва чойхона фаъолият мебарад.
АКС аз манбаъҳои боз








«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд






