Ба Осорхонаи Устод Айнӣ дар Бухоро адабиёти тозанашр тақдим гардид

Апрель 14, 2023 19:03

ДУШАНБЕ, 14.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили 145 –солагии сардафтари  адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон  Устод Садриддин Айнӣ, ки 15 апрел ҷашн гирифта мешавад, Сафорати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон ба Осорхонаи Устод Садриддин Айнӣ, воқеъ  дар  ноҳияи Ғиждувони  вилояти Бухоро 90 китоби тозанашр тақдим намуд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад.

Иқдоми мазкур бо мақсади ғанӣ гардонидани фонди Осорхонаи Устод Айнӣ гирифта шудааст.

Адабиёти тозанашр  аз ҷониби Вазорати фарҳанги  Тоҷикистон  тавассути Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ирсол гардида, ба ин муассисаи фарҳангӣ дастрас гардид.

Роҳбарияти  Осорхонаи Устод Садриддин Айнӣ  изҳор доштааст, ки дар арафаи таҷлили 145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ тақдими адабиёти тозанашр аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон  дар самти мукаммал гардонидани фонди Осорхонаи Устод Айнӣ туҳфаи хуб маҳсуб мешавад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон

Апрель 14, 2023 19:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад