БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Шуғнон корҳои бунёдкориву созандагӣ идома дорад

Апрель 17, 2023 14:42

ДУШАНБЕ, 17.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоату деҳоти   ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои бунёдкориву созандагӣ бомаром идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар медиҳад.

15 апрел дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13- и деҳаи Тишори Ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи мазкур  ба сохтмони Маркази рушди барвақтии кӯдакон аз ҷониби роҳбарияти ноҳия санги асос гузошта шуд.

Бояд гуфт, ки  Маркази рушди барвақтии кӯдакони деҳаи Тишор аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар доираи «Лоиҳаи таҳкими устовории иҷтимоӣ ва иқтисодӣ»  бунёд карда мешавад.

Мутобиқи нақша, бинои мазкур соли 2024 мавриди истифода қарор мегирад, ки ин туҳфаи арзанда ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Ҳамзамон дар доираи  «Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ — иқтисодӣ» сохтмони бунгоҳи нави саломатӣ дар деҳаи Кушк ба нақша гирифта шудааст. Дар он моҳи майи имсол корҳои сохтмонӣ оғоз ва мутобиқи нақша, то соли 2024 бунгоҳи саломатии деҳа ба истифода дода мешавад.

Бунгоҳи саломатӣ пас аз мавриди истифода қарор гирифтан бо технологияи замонавӣ таъмин карда шуда, ба аҳолии деҳаи Кушк, ки зиёда аз 860 нафар аҳолӣ дорад, хизмат мерасонад.

Дар баробари ин дар деҳаи Паҳшори Ҷамоати деҳоти Поршинев корхонаи коркарди регу шағал ва истеҳсоли маҳсулоти бетонӣ бунёд мегардад.

Бунёди корхонаи мазкур  аз ҷониби соҳибкори маҳалӣ Собир Алимамадов ба роҳ монда шудааст, ки он моҳи июни соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад.

Инчунин бахшида ба 35 -солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Рожи Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон коргоҳи истеҳсоли ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби соҳибкор Дастёр Асадбеков бунёд гардидааст.

Дар деҳаи Питоби Ҷамоати деҳоти Сучон  бахшида ба ин санаи муҳим бинои нави иловагӣ барои мактаби деҳа, ки аз  дуошёна ва 8 синфхона иборат хоҳад буд,  бунёд карда мешавад. Корҳои сохтмонӣ ба наздикӣ оғоз шуда, он соли 2024 ба истифода дода мешавад.

Дар деҳаи Турбати Ҷамоати деҳоти Навобод кӯдакистони нав бунёд карда мешавад, ки он ҳам соли 2024 мавриди истифода қарор мегирад.

Дар идомаи корҳои сохтмонӣ инчунин дар деҳаи Саади Ҷамоати деҳоти Навобод пули нави пиёдагарди деҳа, ки соли гузашта дар натиҷаи селфароӣ пурра хароб шуд, аз нав бунёд карда мешавад.

Раиси ноҳияи Шуғнон ҳамзамон аз коргоҳи истеҳсолӣ ва иншооти сохташавандаи соҳибкорони маҳаллӣ дар Ҷамоати деҳоти Навобод дидан намуда, барои ҳарчи бештар вусъат додани корҳо ба сохтмончиён супоришҳои мушаххас дод.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон

Апрель 17, 2023 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Суғд 84 корхонаю коргоҳи нав ба фаъолият шуруъ намуд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ду бинои таълимӣ ва бинои хобгоҳи донишҷӯёнро ба истифода медиҳад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Данғара 6 муассисаи томактабӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корхонаҳои хишти пухта, истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва парандапарварии ноҳияи Нуробод кай ба фаъолият шуруъ мекарда бошанд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бо мақсади саноатикунонии шаҳри Норак ҳашт корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бохтар барои олимони соҳаи амнияти биологӣ ва радиатсионӣ бинои нав сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар минтақаи Кӯлоб 20 иншоот бунёд мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рашт корхонаи роботии хишти пухта ба истифода дода мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд маҷмааи варзишии «Суғд-Арена» сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маҷмуи маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Сангвор дар шаш моҳ ба 49 миллиону 900 ҳазор сомонӣ баробар гардид
Ба муносибати 35-солагии Истиқлол дар ноҳияи Панҷ бунгоҳи тиббӣ ва толори варзишӣ ифтитоҳ шуданд