БИСТСОЛАИ РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ хонандагони пойтахт соҳиби ҷойи аввал шуданд

Апрель 19, 2023 10:07

ДУШАНБЕ, 19.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 11 муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ҷамъбаст гардид. Дар он хонандагони муассисаҳои шаҳри Душанбе бо гирифтани 80 ҷойи ифтихорӣ (9 медали тилло, 13 медали нуқра ва 58 медали биринҷӣ) дар ҷойи якум қарор гирифтанд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамзамон хонандагони муассисаҳои вилояти Суғд сазовори 58 ҷойи ифтихорӣ (6 медали тилло, 12 медали нуқра ва 40 медали биринҷӣ, вилояти Хатлон- 48 ҷойи ифтихорӣ (1 медали тилло, 6 медали нуқра ва 41 медали биринҷӣ), шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ- 30 ҷойи ифтихорӣ (3 медали тилло ва 27 медали биринҷӣ) ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соҳиби 3 ҷойи ифтихорӣ (3 медали биринҷӣ) гардид.

Тазаккур дода шуд, ки олимпиадаи мазкур дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» гузаронида шуд.

Баргузории чунин озмуну олимпиадаҳо яке аз воситаҳои муҳими дарёфти хонандагони боистеъдод ва лаёқатманд буда, дар ин самт бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои судманду муассир амалӣ мегарданд. Ин аст, ки дар мамлакат мунтазам ҳаракати олимпии хонандагон вусъат ёфта, шумораи бештари хонандагонро фаро гирифта истодааст.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 19, 2023 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд