БО АМРИ ДИЛ ВА ВИҶДОН. 1400 нафар ҷавони ватандӯст аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ихтиёрӣ ба хизмати Ватан меравад
СУҒД, 07.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1400 нафар ҷавони ватандӯст аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ихтиёрӣ ва бо амри дил ба хизмати Ватан меравад. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
6 апрел дар вилояти Суғл аввалин гурӯҳи даъватшавандагон дар вазъияти тантанавӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуд. Ба ин муносибат дар Амфитеатри Қасри Арбоб бо иштироки роҳбарияти вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷавонони фаъол, даъватшавандагону волидони онҳо барномаи бошукуҳ доир гардид,
Раиси вилояти Суғд иброз дошт, ки таъмини фазои орому осудаи Ватан ва амнияти ҷомеа аз муҳимтарин вазифаҳои давлат маҳсуб шуда, вобаста ба он таълиму тарбия ва руҳану ҷисман омода намудани ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида, таъкид медоранд, ки «саҳми ҷавонон дар ҳифзи Модар — Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мегузоранд».

Раиси вилоят ёдовар шуд, ки корҳои тарғиботию ташвиқотии дар марҳилаи байнидаъватӣ баргузоргардида боис гардид, ки 1400 нафар ҷавони ватандӯст аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ихтиёрӣ барои хизмат ҳозир шуд. Аз чеҳраи хандону болида ва рафтори неки ҳар нафар аён аст, ки ҷавонон хизмат ба Модар -Ватанро қарз ва шарафи фарзандӣ медонанд.
Дар зимн роҳбари вилоят ба ҳамаи падару модарон барои тарбияи фарзандони ватандӯст ва баору шуҷоъ изҳори сипос намуда, ба даъватшавандагон ва муҳофизони шуҷои Ватан дар иҷрои рисолати бар дӯш доштаашон муваффақият орзу кард.
Ҳамзамон маросими нонгазон сурат гирифта, аз ҷониби аҳли фарҳанги вилоят барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳод гардид.
Бояд гуфт, ки гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи чанд соли охир ба маъракаи хотирмон мубаддал гаштааст. Бо беҳтар шудани шароит дар қисмҳои низомӣ аксар ҷавонон ихтиёран ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шуда, барои саҳмгузорӣ дар ҳимояи марзу буми Ватан, таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ омодагӣ нишон медиҳанд. Хушбахтона, имрӯзҳо дар аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷавонон даъватномаи комиссариати ҳарбиро интизор нашуда, ихтиёрӣ ва ҷавонмардона ба комиссариати ҳарбии шаҳр ё ноҳия ҳозир шуда, барои ба хизмати Ватан рафтан пешакӣ худро номнавис менамоянд. Зеро аксарияти ҷавонони имрӯза хуб дарк кардаанд, ки хизмати Модар-Ватан қарзи имонӣ ва ҳам ҷавонмардии ҳар кадоми онҳо ба ҳисоб меравад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд










НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соли 2025 беш аз 200 ҳодисаи табиӣ ба амал омадааст
ТАРБИЯ ПЕШ АЗ ТАЪЛИМ АСТ. Чаро ҷинояткории наврасону ҷавонон коҳиш намеёбад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 вобаста ба маводи нашъаовар чӣ миқдор ҷиноят ошкор гардид?
Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон зиёда аз 26 тонна маҳсулоти гӯштии бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ вохӯриҳо доир гардиданд
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирии омилҳои хурофотӣ ва тафаккури ифротӣ вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи 10-уми вазирони давлатҳои аъзои СҲИ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ доир шуд
Агар бо ҳолати фавқулода рӯ ба рӯ гардем, бояд ба куҷо муроҷиат намоем?
«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА». Дар Душанбе ҳамоиши кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ доир шуд
Дар ноҳияи Шаҳритус ба ҷойи дарсхонӣ ба бозиҳои компютерӣ машғул шудани хонандагон ошкор карда шуд






