Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд саршумори моли майда беш аз 1,1 миллион сарро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 07.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори моли майда 1 миллиону 177 ҳазор сарро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ “Ховар” дар Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд хабар доданд.
Тазаккур дода шуд, ки имрӯзҳо дар хоҷагиҳои чорвопарварӣ наслгирӣ идома дошта, минтақаҳои кӯҳӣ ва талу теппаҳои сарсабз макони асосии парвариши бузу гӯсфанд ба ҳисоб меравад. Масоҳати чарогоҳҳо 782 ҳазор гектар буда, дар вилоят 4 хоҷагии зотпарварӣ низ амал мекунад.
Таъкид гардид, ки аз 100 сар меши маҳаллӣ то 90 сар ва аз 100 сар модабуз то 80-82 сар насл гирифта мешавад.

Дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд, ки 251 ҳазор сар моли майда мавҷуд мебошад, дар мавсими имсола 57 ҳазору 740 сар насл гирифта шудааст. Ин нишондиҳанда 66 фоизро ташкил дода, давраи наслгирӣ идома дорад.
Дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят барои зиёд намудани саршумори моли майда, хусусан зоти серпашми тоҷикӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
АКС: Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд









Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






