Дар Антарктида хурдтарин майдони яхбандии баҳрӣ дар ним аср ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 09.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Олимони Институти илмӣ-тадқиқотии Арктика ва Антарктика (ИИТАА) пасттарин нишондиҳандаҳои сатҳи яхи баҳрро дар Антарктида дар 44 соли охир сабт карданд. Ба андешаи мутахассисон, камшавии масоҳат ба гармшавии умумӣ ва аз минтақаҳои субтропикӣ ба Антарктида бо қувваи баланд ворид гардидани оби гарм алоқаманд мебошад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус ба хабарнигорон рӯзи панҷшанбе дар дафтари матбуоти институт хабар доданд.
Мутахассисони ИИТАА хотиррасон мекунанд, ки дар нимкураи ҷанубии Замин зимистон моҳи сентябр ба охир расида, он гоҳ майдони яхи баҳр дар Антарктида ба ҳадди ниҳоӣ — тақрибан ба 18-19 миллион километри мураббаъ мерасад. Ҳар сол дар моҳҳои декабр-феврал обшавии тобистонаи яхҳои баҳрӣ дар атрофи Антарктида ба амал меояд, одатан майдони ях то 3 миллион метри мураббаъ кам мешавад, ки ин назар ба солҳои охир хеле зиёд аст.
Ғайр аз воридшавии бештари об аз минтақаҳои субтропикӣ олимон сабаби гармшавии Антарктидаро гармшавии зерипиряхӣ дар соҳили қитъа дар бахши Уқёнуси Ором меноманд. Дар ин ҷо қисми пуриқтидортарини камарбанди вулқонии Арктика вокеъ мебошад. Дар баробари ин литосфераи ин минтақа тунук мешавад, ки ин имкон медиҳад то магма ба сатҳи баланд наздик шавад. Бо фаъол шудани масоҳати умумии вулқонӣ таркишҳои азим ба афзоиши суръати обшавии яхҳои баҳр мусоидат мекунанд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
Акс: ТАСС








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






