Дар Боку ҷалби ширкатҳои Озарбойҷон ҷиҳати иштирок дар таъсиси корхонаҳои муштарак дар қаламрави Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 12.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон бо Вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Озарбойҷон, ҳамзамон ҳамраиси тозатаъйини Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаи танзими ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ, раванди иҷрои қарордодҳои дар сатҳи олӣ бадастомада ва санадҳои дуҷониба, инчунин густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангию гуманитарӣ, нақлиётию транзитӣ ва дигар мавзуъҳо баррасӣ гардид.
Дар рафти мулоқот оид ба ташкили мулоқоти коршиносони ду мамлакат ва ҷалби ширкатҳои Озарбойҷон ҷиҳати иштирок дар таъсиси корхонаҳои муштарак дар қаламрави Тоҷикистон табодули афкор анҷом дода шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Австрия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти кантони Тичинои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Лондон мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо донишҷӯёни тоҷик дар Британияи Кабир мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловски Русия мулоқот намуд
Дар Лондон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори идории ширкати «Wien Energy» мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо донишҷӯёни тоҷик ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими ҳавзаи федералии Урали Русия мулоқот намуд






