Дар Чин тӯфонҳои хоколуд ба амал омадааст

Апрель 12, 2023 14:11

ДУШАНБЕ, 12.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Чин тӯфонҳои хоколуд ба амал омада, сатҳи баланди хатарнокии обу ҳаво эълон гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба АБИ «Казинформ» иттилоъ медиҳад.

Мувофиқи  иттилои Хадамоти марказии обуҳавосанҷии Чин, аз 11 то 12 апрел тӯфонҳои хоколуд ва чангу ғубор Синтсзян, Муғулистони Дохилӣ, Хэбэй, Шансӣ, Шэнсӣ, Хэнан, Ляонин, Тсзилин, Хэйлунтсзян, Анхой, Тсзянсу, Хубей ва инчунин бузургшаҳрҳоеро, чун Пекин, Тянтсзин ва Шанхай  фаро мегиранд.

Тӯфонҳои шадиди хоколуд дар қисмати марказии  Муғулистони  Дохилӣ дар назар аст.

Сокинони Пекин аз субҳ пардаи хокистарии ғуборолуд ва тарҳҳои  норавшани биноҳоро дар шаҳр мушоҳида мекунанд. Ифлосшавии ҳаво дар чанд минтақаи пойтахти Чин барои саломатӣ «хатарнок» арзёбӣ шудааст. Зичии моддаҳои заррачаҳои PM10 аз 1000 мкг/куб зиёдтар аст.

Обуҳавошиносон ваъда медиҳанд, ки то субҳи чаҳоршанбе вазъ беҳтар шуда, сатҳи олудагии ҳаво тадриҷан коҳиш меёбад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АБИ «Казинформ»

Апрель 12, 2023 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст