Дар доираи Ҳафтаи илм дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конфронси илмӣ-назариявӣ гузаронида шуд
КӮЛОБ, 13.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 14 апрел дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Ҳафтаи илм гузаронида шуд. Дар робита ба он 11 апрел дар Донишгоҳи мазкур конфронси илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ва соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд.
Дар конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавриди натиҷагирӣ аз корҳои илмӣ-таҳқиқотии ҳайати олимон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар соли 2022 ва нақшаҳо барои соли 2023 сухан гуфта шуд. Таъкид гардид, ки зарур аст фаъолияти таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ бо масъулияту садоқати бештар ба роҳ монда шуда, вазифаи асосӣ- омодасозии мутахассисони рақобатпазир ба бозори меҳнат ва таъминкунандагони рушди устувори мамлакат сарбаландона иҷро карда шавад.
Дар конфронс инчунин иброз гардид, ки соли 2022 13 омӯзгор рисолаи номзадӣ ва 2 нафар рисолаи докторӣ дифоъ намуд.
Ҳамзамон 34 унвонҷӯ ва хатмкардаи зинаи докторантураи PhD рисолаҳои худро таҳия намуда, дар арафаи пешниҳод ба шӯроҳои дифоъ қарор доранд.
Иштирокчиёни конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзуъҳои «Ҷараёнҳои экстремистӣ-террористӣ дар Осиёи Марказӣ», «Зуҳури таҳаммулпазирӣ дар амалияи журналистӣ», «Саҳми Пешвои миллат дар масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ва обу иқлими сайёраи Замин», «Нақши саноати металлургӣ дар саноатикунонии босуръати мамлакат», «Электроника ва таҳқиқот дар соҳаи масолеҳшиносӣ» ва ғайра маъруза намуданд.
Дар анҷоми конфронс як зумра омӯзгорони донишгоҳ барои саҳми муносиб гузоштан дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, инчунин донишҷӯёне, ки дар озмуни донишгоҳии расму тасвирҳои беҳтарин дар мавзуи пиряхҳо, чашмаҳо ва табиати зебои Тоҷикистон ҷиҳати эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҷойи номоёнро ишғол карданд, бо сипоснома, ифтихорнома ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб









Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд






