Дар Душанбе бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон доир шуд

Апрель 19, 2023 19:03

ДУШАНБЕ, 19.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 апрел дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили  Тоҷикистон дар мавзуи «Мақом ва манзалати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ: ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025» ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии  илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷаласа иштирокдорон дар бораи ташаббусҳои наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муаммоҳои экологии замони муосир, масъалаи обшавии пиряхҳо, ки ҳамчун захираи бунёдии оби тозаи ошомиданӣ дониста мешавад, сухан гуфтанд.

Директори Маркази омӯзиши пиряхҳо доир ба мавзуи «Тоҷикистон – пешоҳанги масоили ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон» иброз намуд, ки иқдоми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии бештар аз 150 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд. Гуфта шуд, ки дар Маркази омӯзиши пиряхҳо оид ба иҷрои самтҳои асосии Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо чандин ҳуҷҷат таҳия гардидааст.

Директори Маркази омӯзиши пиряхҳо ҳамзамон доир ба вазъи кунунии пиряхҳои ҷумҳурӣ маълумоти муфассал дод.

АКС: Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Апрель 19, 2023 19:03

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид