Дар Душанбе густариши ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 28.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. 27 апрел муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода бо ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии сардори ширкати мубодилаи фарҳангии Ҷилини музофоти Футзян Лин Ҷун ҷиҳати густариши ҳамкории бисёрҷониба вохӯрӣ анҷом дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.
Дар доираи вохӯрӣ масъалаҳои тавсеаи савдо, аз ҷумла рушди содироти маҳсулот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба музофоти Футзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, кишоварзӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Иброз гардид, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду давлат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин муносибатҳои ду мамлакат пайваста рушд ёфта, ба сатҳи олӣ баромадаанд.
Ҳамзамон аз ҷониби муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои рақамикунонӣ, тиҷорати электронӣ, иқтисоди «сабз», кишоварзӣ, инчунин афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Чин, рушди минбаъдаи робитаҳо дар бахши нақлиёт ва логистика пешниҳодҳои мушаххас манзур гардид.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои гуфташуда изҳор намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






