Дар Душанбе масъалаи тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва СММ баррасӣ гардид

Апрель 27, 2023 10:01

ДУШАНБЕ, 27.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 апрел Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамоҳангсози Намояндагии СММ дар Тоҷикистон вохӯрӣ доир намуд, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманди тарафҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат  хабар доданд.

Гуфта шуд, ки таҳти сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ бо шарикони рушд, бахусус бо СММ барои таъмини рушди иқтисоди миллӣ ва ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди устувор муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар робита ба ин ба Намояндагии СММ дар Тоҷикистон барои ҳамкории мутақобилан судманд ва ҳиссагузорӣ дар рушди устувори иқтисодии мамлакат миннатдорӣ баён карда шуд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ, ҷалби маблағҳои грантӣ вобаста ба пешгирии таъсири омилҳои берунӣ, лоиҳаҳои нави афзалиятнок дар асоси ҳадафҳои рушди ҷумҳурӣ ва дурнамои чаҳорчӯбаи ҳамкории миёнамуҳлат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Илова бар ин ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани мизи мудаввар оид ба муаррифии лоиҳаи Шарҳи ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар сафи давлатҳои пешсаф оид ба ташаббусҳо дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим қарор дорад.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 27, 2023 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд