Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд омодагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ вусъат меёбад
ДУШАНБЕ, 28.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду навсозии меҳмонхонаи панҷошёнаи «Кайҳон» барои 178 нафар бо 20 ҷойи кор, чойхонаи замонавӣ барои 240 мизоҷ ва тарабхона барои 240 мизоҷ бо 10 ҷойи кор, коргоҳи дӯзандагӣ ва коргоҳи бофандагӣ бо даҳҳо ҷойи нави корӣ идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Иншооти замонавии фурудгоҳ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон ва таъсиси ҷойҳои кории нав бунёд карда мешавад.
Роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ҳамчунин тасмим гирифтааст, ки парки техникии фурудгоҳро бо техникаву таҷҳизоти зарурӣ пайваста таъмин намояд.
Дар корҳои сохтмонии иншооти наву ҷашнии фурудгоҳ асосан масолеҳи хушсифати сохтмонии ватанӣ истифода мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд













Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди корхонаҳои хурду бузург дар Панҷакент ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мешавад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид






