Дар иёлати Мэни ИМА бар асари тирпаронӣ чор нафар ҳалок ва се тан захмӣ шуд
ДУШАНБЕ, 19.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ду тирпаронии 18 апрел, ки дар иёлати Мэни шимолу шарқи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба амал омад, чаҳор нафар ҳалок ва се тани дигар захмӣ шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад.
Субҳи рӯзи сешанбе полис ба хонае дар Боудойн даъват шуд, ки ба гуфтаи онҳо ҷасади чаҳор нафари мурда пайдо шудааст.
Дере нагузашта, дар бораи тирпаронӣ дар шоҳроҳи 295 дар Ярмут хабар расид, ки бар асари он се нафаре, ки дар дохили мошини худ будаанд, ҷароҳат бардоштаанд.
Як нафар ба ҳабс гирифта шуд, вале ҳувияташ эълон нашудааст.
Полиси Мэн тасдиқ кард, ки ин ду тирпаронӣ бо ҳам алоқа доранд, аммо сабаби онро номбар накард.
Ҳокими шаҳр Ҷанет Миллс нимаи дуюми рӯзи сешанбе дар «Твиттер» навишт, ки «аз ин ҳодиса ҳайратзада ва сахт андӯҳгин шудааст».
«Амалҳои зӯроварӣ ба мисли ҳодисаҳое, ки мо имрӯз аз сар гузаронидем, иёлат ва музофоти моро ба ларза оварданд»,-навиштааст Ҷанет Миллмс.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






