Дар Камбоҷа навъи нави биринҷи хушбӯй муаррифӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 06.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати кишоварзӣ, ҷангал ва моҳипарварии Камбоҷа рӯзи чоршанбе навъи нави биринҷи хушбӯйро бо Номи Champei Sar 70 (CPS 70) муаррифӣ кард, ки дар натиҷаи таҳқиқот ва таҳияи тақрибан даҳсола ба даст омадааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус дар варақаи матбуотии идора хабар дода шудааст.
Баровардани навъи биринҷи CPS 70 ба шарофати ҳамкории Институти тадқиқот ва рушди кишоварзии Камбоҷа ва Австралия пас аз 9 соли таҳқиқот ва 80 озмоиши саҳроӣ дар фаслҳои хушк ва тар имконпазир гардид.
Тавре ки дар варақаи матбуотӣ ишора шудааст, CPS 70 дар асоси навъи биринҷи Камбоҷа Пхка Румдуол аз CNi9024, ки дар замони худ ба ҷоизаҳои гуногун сазовор гардида буд, ба даст оварда шудааст. Гуфта мешавад, ки CPS 70- биринҷи хушбӯй буда, дар тӯли се моҳ пухта мерасад.
Ба биринҷи хушбӯй дар саросари ҷаҳон талабот зиёд аст: зиёда аз 60% аз ҳаҷми умумии биринҷи хушсифати содиротии Камбоҷа ба он рост меояд. То соли 2025 Камбоҷа ба нақша гирифтааст, ки 1 миллион тонна биринҷи суфта содирот кунад.
Мувофиқи варақаи матбуотӣ, кишоварзӣ яке аз бахшҳои асосии иқтисоди кишвар буда, тақрибан чоряки ММД-и Камбоҷаро дар соли 2021 ташкил медиҳад. Зиёда аз сеяки тамоми одамони бо кор таъминшавандаи мамлакат дар хоҷагии қишлоқ кор мекунанд, илова бар ин бештар аз нисфи коркунони кишоварзӣ занон мебошанд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






