Дар Моҳ захираи бузурги об ёфт шуд

Апрель 2, 2023 09:48

ДУШАНБЕ, 02.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Моҳ захираҳои бузурги об пайдо шуд: он ҳамеша ба маънои аслиаш дар сатҳи замин ҷойгир будааст. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АЗЕРТАҶ бо истинод ба расонаҳои хориҷӣ хабар додааст.

Олимони чинӣ чунин меҳисобанд, ки об дар обанборҳои хурди рӯи моҳвораи Замин пинҳон шудааст.

Донишмандони Академияи илмҳои Чин таҳқиқоти навбатии намунаҳои хоки Моҳро анҷом доданд, ки охири соли 2020 тавассути киштии кайҳонии чинии  «Чанъэ-5» ба Замин расида буд. Об дар сатҳи Моҳ метавонад тақрибан 300 миллиард тоннаро  ташкил кунад,  менависад Science Alert.

Омӯзиши намунаҳои хоки Моҳ чанд сол боз идома дорад. Ва олимон кашфиёти нав ба даст меоранд, хабар медиҳад АЗЕРТАҶ бо истинод ба ВАО-и хориҷӣ.

Таҳлили нави хоки Моҳ нишон дод, ки миқдори зиёди об метавонад дар тӯбчаҳои хеле хурди шишагӣ пинҳон шавад. Онҳо дар натиҷаи бархӯрдани ҷинсҳои кайҳонӣ ба сатҳи Моҳ пайдо мешаванд. Вақте ки санг хунук мешавад, заррачаҳои шишабандӣ пайдо мешаванд, ки андозаи онҳо ҳамагӣ ба якчанд даҳҳо ё садҳо микрометр мерасад.

Тадқиқоти охирин нишон медиҳад, ки дар паси мавҷудияти миқдори зиёди об дар Моҳ шамоли офтобӣ мавҷуд аст. Вақте ки зарраҳои Офтоб ба Моҳ ворид мешаванд, ионҳои гидроген бо оксигене, ки аллакай дар хоки моҳ мавҷуд аст, пайваст мешаванд.

 Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

Акс: АЗЕРТАҶ

Апрель 2, 2023 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд