Дар Самарқанд ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои ҳамсояи Афғонистон баргузор шуд

Апрель 14, 2023 11:59

ДУШАНБЕ, 14.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи 4-уми вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои ҳамсояи Афғонистон (гурӯҳи 6+1), ки 13 апрел дар Самарқанд баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳамзамон дар ҷаласа вазирони корҳои хориҷии Эрон, Покистон, Чин, Туркманистон, Узбекистон ва Русия иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунии сиёсӣ-низомӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ, амниятӣ ва башарии Афғонистонро таҳти муҳокима қарор дода, оид ба роҳҳои расонидани кумаки зарурӣ ба мардуми ин кишвар табодули назар намуданд.

Дар фарҷоми нишаст Баёнияи муштараки вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои ҳамсояи Афғонистон қабул гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 14, 2023 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 апрел, чоршанбе, 91-умин рӯзи соли 2026 аст
БАР ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ! Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд Наврӯз бо риояи анъанаҳои хоси ниёгонамон таҷлил шуд
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд