Дар Самарқанд вохӯрии шашуми вазирони корҳои хориҷӣ дар қолаби Осиёи Марказӣ – Русия баргузор гардид

Апрель 15, 2023 11:18

ДУШАНБЕ, 15.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 апрел Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Самарқанд дар Вохӯрии 6-уми вазирони корҳои хориҷӣ дар қолаби Осиёи Марказӣ – Русия иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Байни роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷӣ атрофи вазъу дурнамои ҳамкориҳои дар қолаби Осиёи Марказӣ — Русия, инчунин масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Зимнан вазирон ба натиҷаи нишасти нахустини сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, ки 14 октябри соли 2022 дар Остона баргузор гардида буд, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронии худ иброз дошт, ки Тоҷикистон ба таҳкими робитаҳо дар чаҳорчӯби Осиёи Марказӣ — Русия аҳамияти хосса дода, қолаби мазкурро ҳамчун сарчашмаи имкониятҳои нав барои пешбурди фаъоли ҳамкории мутақобилан судманд арзёбӣ менамояд.

Ҳамчунин Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нигоҳи кишварро вобаста ба абзорҳои татбиқи ташаббусу пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи амният ва иқтисоди пешгирикунанда, ки дар рафти иҷлоси Остона ироа шуда буданд, муаррифӣ намуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 15, 2023 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад