Дар Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ давоми се моҳ ба беш аз 5 миллиард сомонӣ расонида шуд

Апрель 19, 2023 13:48

ДУШАНБЕ, 19.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Давоми се моҳи соли равон  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 5 миллиарду 892,4 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 110,1 фоиз таъмин гардидааст. Ин нукта 18 апрел зимни ҷаласаи роҳбарияти вилоят бо  фаъолон баён карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад. 

Дар ҷаласа натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 3 моҳи соли  равон таҳлилу баррасӣ гардида, вазифаҳо барои давраи минбаъда муайян карда шуд.

Ҳамзамон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша, соли 2023 ба истифода додани 150 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 3000 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардидааст. Дар натиҷаи тадбирҳои андешида давоми се моҳи соли  равон дар миқёси вилоят 35 корхонаву коргоҳи нав бо 286 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шуруъ намуд.

Дар давраи ҳисоботӣ кишоварзони вилоят ҷиҳати рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд. Дар натиҷа, ба ҳолати 1 апрели соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 1047,4 млн сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107,3 фоиз таъмин гардид. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи чорводорӣ 1021,9 млн сомонӣ ва растанипарварӣ 25,5 млн сомониро ташкил намуда, суръати афзоиш мутаносибан 105,0 фоиз ва 9,6 баробарро ташкил дод.

Дар моҳҳои январ-марти соли 2023 баҳри сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи зиёда аз 197,9 млн сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуданд, ки баробар ба 105,7 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2022 мебошад.

Раиси вилояти Суғд зимни таҳлили нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар давраи сипиришуда дар назди раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулини сохторҳои дахлдор барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои мушаххас гузошт. Масъулин уҳдадор гардиданд, ки корхонаҳои аз фаъолият бозмондаро дубора ба кор андохта, дар самти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва ҷалби сармояи бештар ба соҳаи саноат тадбир андешанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Апрель 19, 2023 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад