Дар Суғд майдони умумии заминҳои наздиҳавлигӣ тақрибан 61 ҳазор гектарро ташкил медиҳад

Апрель 29, 2023 10:27

ДУШАНБЕ, 29.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд майдони умумии заминҳои наздиҳавлигӣ 60 ҳазору 935 гектарро ташкил медиҳад.  Сокинон асосан дар замини наздиҳавлигии худ картошка, сабзавот ва полезиҳоро кишту парвариш мекунанд.

Дар вилоят дар самти истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ сокинони деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров намунаи ибрат мебошанд.

Заминҳои наздиҳавлигии сокинони деҳоти мазкур дар маҷмуъ 3 ҳазору 700 гектарро ташкил медиҳад, ки дар бештари он бо ташкили гармхонаҳои хурду миёна кишту парвариши сабзавот, аз ҷумла помидору бодиринг васеъ ба роҳ монда шудааст.

Сокини деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сиддиқ Пӯлодов таҷрибаи шоистаи истифодаи замини наздиҳавлигӣ дорад.

Сардори хоҷагӣ ҳамроҳи фарзандон дар замини наздиҳавлигӣ парвариши сабзавот ва кабудиҳоро дар шароити гармхона ба роҳ мондааст.


Масоҳати гармхона 0,04 гектарро ташкил намуда, соҳибмулк давоми як сол аз гармхонаи худ то 6 тонна ҳосили помидор ҷамъоварӣ мекунад. Ин сокини соҳибтаҷриба аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти дар гармхона истеҳсолшуда эҳтиёҷи оилаи худро пурра таъмин менамояд.

Ёдовар мешавем, ки дар вилояти Суғд дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ зиёда аз 500 гармхонаи хурду калон  мавҷуд буда, давоми сол манбаи асосии таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Қисми зиёди ин гармхонаҳо дар заминҳои наздиҳавлигии сокинон ташкил карда шудааст.

Ба таъкиди кишоварзон, дар оянда низ раванди парвариши сабзавот ва дигар намуди зироат дар гармхонаҳо тақвият бахшида мешавад ва хоҷагидорон дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ саҳми арзанда мегузоранд. Зеро дар ҳудуди вилояти Суғд барои истеҳсоли маҳсулот дар шароити гармхона имконият бештар аст.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Апрель 29, 2023 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст