ДАЪВАТИ БАҲОРӢ: Дар вилояти Хатлон маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ фаъол мегардад
ДУШАНБЕ, 07.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар вилояти Хатлон ба қадри 34,6 фоиз иҷро гардида, дар рӯзи нахустини ин маросими муҳими сиёсӣ ноҳияҳои Вахш, Данғара ва Фархор нақшаи ҷалби ҷавононро пурра таъмин карданд. Дар ин хусус зимни баргузории ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва машғулияти омодагии низомӣ дар қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Иброз гардид, ки дар асоси Фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» аз 1 апрели соли равон дар қаламрави мамлакат, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон маъракаи ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардида, ҷавонони синни хизматӣ пас аз ташхису муоинаи тиббӣ ба хизмати ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд.
Дар иртибот ба ин масъала аз ҳозирин даъват карда шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳо тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавононро тақвият дода, дониши сиёсии ҷавонон баланд бардошта шавад ва моҳияти даъват ба хизмати ҳарбӣ, қарз будани адои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба онҳо дуруст фаҳмонида шавад.
Тазаккур дода шуд, ки вазъи зудтағйирёбандаи ҳарбиву сиёсии сайёра, аз ҷумла минтақа, торафт густариш ёфтани доираи фаъолияти гурӯҳу созмонҳои террористиву экстремистӣ, инчунин гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ аз ҳар хизматчии ҳарбӣ тақозо менамояд, ки дар самти ҳимояи истиқлоли Ватан, ҳифзи амнияти давлату ҷомеа ва зиндагии ороми сокинони мамлакат доимо зираку ҳушёр ва омода бошанд. Дар чунин шароит тамоми хизматчиёнии ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ — аз сарбози қаторӣ то афсарони баландрутба вазифадоранд, ки донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро ба ҳимояи дастовардҳои замони истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбуб ва хизмати содиқона ба манфиати халқу Ватан равона созанд.
Роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти масъулу вобаста муваззаф шудаанд, ки ба маъракаи ҷалби ҷавонон диққати зарурӣ дода, ба хизмати Ватан ҷавонони руҳану ҷисман солимро равона созанд. Илова бар ин, ба масъалаи тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон на танҳо дар давраи даъвати баҳориву тирамоҳӣ, балки ба таври ҳамешагӣ бояд таваҷҷуҳи махсус равона намоянд.
АКС аз саҳифаи фейсбукии рӯзномаи «Хатлон»








Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид






