ДАЪВАТИ БАҲОРӢ. Кормандони Комиссариати ҳарбӣ ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Рашт қадрдонӣ шуданд

Апрель 13, 2023 09:31

РАШТ, 13.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 11 апрел Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳия ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро ҷиҳати фаъолияти хуб нишон додан дар маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорномаҳои мақомоти иҷроия қадрдонӣ намуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт хабар доданд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ иброз гардид, ки «маҳз амалӣ гардонидани тадбирҳои судманд ва ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, анҷом додани мулоқоту суҳбатҳо бо насли ҷавон ва волидайни онҳо, баргузории Рӯзи дарҳои кушод дар қисмҳои ҳарбӣ ва дигар чорабиниҳои ҳадафманд имкон дод, ки ноҳияи Рашт маъракаи даъвати навбатии ҷавонон  ба хизмати ҳарбиро пурра анҷом диҳад.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида, таъкид медоранд, ки «саҳми ҷавонон дар ҳифзи Модар — Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд».

Бояд гуфт, ки дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамкории раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоту кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳия бо падару модарон чор сол мешавад, ки ноҳияи Рашт дар рӯзи якуми даъват нақшаи даъвати ҳарбиро барзиёд иҷро менамояд. Ин амали шоён мояи ифтихори сокинони ноҳияи Рашт мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Апрель 13, 2023 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад