ХИЗМАТ БА ВАТАН — ҚАРЗИ ФАРЗАНДӢ. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон як гурӯҳ донишҷўёнро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
ДУШАНБЕ, 19.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. 18 апрел дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати гусели гурӯҳи донишҷӯёни ватандӯсту шуҷоатманде, ки ба таври ихтиёрӣ ва бо амри дилу виҷдон азми хизмати Ватан-Модар кардаанд, ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд.
Иброз гардид, ки иштирок дар маъракаи баҳории даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бинобар ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва мафкуравӣ аз ҷониби раёсати донишгоҳ сари вақт таъмин гардид.
Ба наваскарон гуфта шуд, ки хизмат ба Ватан–Модар рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандӣ буда, роҳбарияти мамлакат бобати муҳайё намудани шароити хуби хизмати ҳарбӣ дар қисмҳои низомӣ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд. Имрӯз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан- нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва мардуми мамлакат мебошад.
Ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ омадани ҷавонон падидаи сурурбахш буда, шаҳодати он аст, ки ҷавонони мо баҳри ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, таҳкиму сулҳу осоиштагӣ ва дастгирии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаматарафа омода мебошанд.
Дар фарҷом иштирокчиёни маросим, модарони даъватшудагон ҳамчун рамзи меҳрпайвандӣ бо пайгирӣ аз анъанаҳои дерин ба аскарбачагони оянда нон газониданд, то шаҳписаронашон хидмати Ватан-Модарро сарбаландона ба ҷо оварда, сиҳатманду сарбаланд ба зодгоҳашон баргарданд. Ҳамчунин ба наваскарон роҳи сафед хостанд, то дар адои рисолати ҷавонмардиашон муваффақ гарданд.
Барномаи рангини фарҳангӣ ба маърака ҳусни тоза зам намуд.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон








Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд






