Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Шуғнон соҳиби ду техникаи кишоварзӣ гардид
ХОРУҒ, 23.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Шуғнон дар арафаи маъракаи киштукори баҳорӣ соҳиби боз ду трактори тамғаи «Белорус» гардиданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Як сол пеш бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои вилоят 6 техникаи кишоварзӣ тақдим шуда буд.
Муовини сардори Раёсати кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Раҷабек Раҷабеков гуфт, ки «Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакат, таъсису мукаммал намудани марказҳои хизматрасонии техникӣ, дастрас кардани техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ, гузаронидани амалиёти лизингӣ ва хизматрасонии техникӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермерӣ чанд соли охир корҳои назаррасро ба сомон расонид. Дар ҳамаи ноҳияҳои вилоят марказҳои фурӯши техника низ таъсис дода шуд. Дар ин марказҳо тракторҳои гуногунтамға, испор, решаканак, култиватор, гандумкӯбак, чапар ва дигар намуди техникаи соҳаи кишоварзӣ ба тариқи лизинг ба фурӯш бароварда мешавад».
Муовини сардори Раёсати кишоварзии вилоят изҳор дошт, ки трактори тамғаи «Белорус» ба шароити кӯҳистон тобовар аст, аммо самаранок истифода бурдан ва дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани он ба худи ронандагон вобаста мебошад.
Ҳоло теъдоди трактори шудгоркунанда дар ноҳияҳои вилоят ба 44 адад расидааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






