ҲИФЗИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН — ҲИМОЯИ ОИЛА ВА ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара аз аввалинҳо шуда, даъвати ҳарбиро иҷро намуд
ДУШАНБЕ, 02.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара чорабинии муҳими сиёсӣ -даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маъракаи нангу номуси соҳибватанӣ табдил ёфта, аз даъват то даъват сафи ихтиёриён барои хизмат ба модар – Ватан бештар мегардад. Ҳамин аст, ки дар рӯзи аввали даъват дар ин ҷамоат нақша барзиёд таъмин мешавад ва аз аввалинҳо шуда аз иҷрои нақша мужда медиҳад. Имсол низ чун солҳои қаблӣ дар рӯзи нахустини оғози маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ нақшаи даъват барзиёд таъмин гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
1 апрел дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ба муносибати гусели ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ чорабинии идона баргузор шуд.
Сокинону волидони наваскарон сарфароз аз он буданд, ки ҷавони далери чоркуҳӣ анъанаи бародаронашонро идома бахшида, ихтиёран ба хизмати модар-Ватан мераванд. Онҳо дар минтақаи марзӣ умр ба сар мебаранд ва хуб медонанд, ки ҳифзи марзу буми Ватан ин ҳимояи оила ва дар умум давлату миллати хеш аст.


Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба ҷавонони ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, ки ба курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагӣ фаро гирифта шуда буданд, имрӯз дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд.
Тазаккур дода шуд, ки дар замони зудтағйирёбандаи авзои сиёсии ҷаҳон дӯст доштани Ватан ва омода будан барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ вазифаи ҷониву қарзи ҳар як шаҳрванд мебошад. Ҷавонони ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарбаландӣ ва ифтихори бузург ба хизмати модар-Ватан мераванд.
Дар ҳузури иштирокдорон пешсафон, волидони сарбозон ва наваскарон бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Барномаи рангини фарҳангӣ ба ин чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати хоса бахшид.
АКС аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара










Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид






