ИЛМ. Биологҳо 145 варианти генҳоро муайян карданд, ки ба афзоиши инсон таъсир мерасонад
ДУШАНБЕ, 22.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Биологҳо ва генетикҳои молекулавӣ аз ИМА 145 шакли асосии генҳоро муайян карданд, ки ба раванди рушди бофтаи пайвасткунанда ва ҳуҷайраҳои устухони ширхӯрон таъсири бештар мерасонанд. Ин кашфиёт шумораи қисмҳои ДНК-ро, ки ба дарозии бадани одамон ва ҳайвонот таъсир мерасонанд, якчанд маротиба танг кард. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус муҳаққиқон дар маҷаллаи «Cell Genomics» навиштаанд.
Дар даҳсолаи охир олимон ба омӯзиши фаъолонаи генҳое шуруъ карданд, ки намуди зоҳирӣ ва сохтори чеҳра ва баданро муайян мекунад ё таъсир мерасонад. Чунонки кашфиёти солҳои охир нишон медиҳад, шумораи ин гуна генҳо ба чандсад ва ҳатто ҳазорҳо наздик мешавад. Баъзе аз ин генҳо, бахусус минтақаҳои PAX1, DCHS2, RUNX2 ва GLI3, ба шакли бинӣ таъсир мерасонанд, дар ҳоле ки шаклҳои дигар ба намуди умумии чеҳра таъсир мерасонанд.
Ҳатто шаклҳои бештари ДНК ба баландии қади инсон таъсир мерасонанд. Панҷ сол пеш низ биологҳо 83 мутатсияи нодиреро кашф карданд, ки ба афзоиши одамон таъсири калон расонидааст.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






