ҲИМОЯИ ВАТАН МУҚАДДАС АСТ! Ноҳияи Фархор даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намуд

Апрель 1, 2023 17:19

ДУШАНБЕ, 01.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ноҳияи Фархори вилояти Хатлон нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи якум дар қатори аввалинҳо шуда пурра иҷро кард. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор хабар медиҳад.

Иҷро шудани нақшаи даъвати баҳорӣ дар рӯзи якум аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҷавонони ноҳия дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихии имрӯза, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст, эҳсоси муқаддаси ҳимояи хоки Ватанро болотар аз ҳама арзишҳо гузошта, омодагии хешро баҳри ҳифзи сарзамини аҷдодӣ нишод доданд.

Гусели наваскарон дар ноҳияи Фархори вилояти  Хатлон дар варзишгоҳи марказии ноҳия ба таври  тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад сокинону меҳмонон, ҷавонону занон, собиқадорони меҳнат ва волидони даъватшавандагон бо шиору овезаҳои тарғибкунандаи муқаддасоти миллӣ ва гиромдошти арзишҳои волои инсонӣ иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки ташаббуси ихтиёран ҳозир шудани ҷавонписарон ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Фархор барои адои хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, далели он аст, ки имрӯз ҷавонони ноҳия аз сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ менамоянд.

Гуфта шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ, инчунин шароити будубоши афсарону сарбозон ва таъминоти моддию техникии сохторҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат беҳтару хубтар гардида, дар ин самт ягон мушкилоту монеагӣ вуҷуд надорад.

Волидони даъватшавандагон мутмаъин ҳастанд, ки барои ҳифзи хоки муқаддаси Ватани азизамон фарзандони воқеан бовиқору ҷасур ва ватандӯстро тарбия кардаанд, ки барои адои хизмати ҳатмии ҳарбӣ омода мебошанд.

Тазаккур дода шуд, ки ҳимояи неъматҳои муқаддас чун озодиву истиқлол ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи ҳар фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳ буда, ҷавонписарон хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишварро чун нишонаи олии шарафмандӣ, мактаби матонату мардонагӣ ва далерию боҳимматӣ меҳисобанд.

Ҳамзамон ба ҷавононе, ки курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагиро дар ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ноҳия хатм намуданд, дар вазъияти тантанавӣ ба онҳо шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.

Баҳри хушу хотирмон гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ барномаи рангини консертии аҳли фарҳанги ноҳияи Фархор бо суруду таронаҳои дилошӯб ва ватандӯстона пешкаш гардид.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар мавсими баҳор ва тирамоҳ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъракаи сиёсии даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Даъвати баҳорӣ шурӯъ аз 1 апрел дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои мамлакат бо маросими бошукӯҳи гусели ҷавонписарон ба сафи Артиши миллӣ дар фазои идона ва бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 1, 2023 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд