Имрӯз дастаҳои «Равшан» бо «Хатлон», «Регар-ТадАЗ» бо «Истиқлол» ва «Эсхата» бо «Хуҷанд» рақобат мекунанд

Апрель 12, 2023 14:21

ДУШАНБЕ, 12.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бозиҳои дигари даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор мегардад. Дар ин давр дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бозӣ мекунанд.

Рақобатҳои дигар байни дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ва «Истиқлол»- и шаҳри Душанбе дар варзишгоҳи «Талко Арена»-и шаҳри Турсунзода ва байни дастаҳои футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд доир мегарданд.

Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар бозии даври аввал дар майдони хонагиаш ба муқобили дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 3:1 пирӯз гардид. Дар бозии даври дуюм футболбозони шаҳри Кӯлоб дар сафар ба муқобили дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе мусовӣ (0:0) бозӣ карданд.

Дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар мавсими навро хеле бад оғоз кард ва ҳоло даста пас аз ду бохт дар зинаи охири ҷадвали мусобиқа бидуни имтиёз ҷой гирифтааст. Дастпарварони Аслиддин Ҳабибуллоев дар бозии аввал аз дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 3:0 ва дар бозии дуюм аз дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:0 мағлуб гардиданд.

Бозиҳои даври сеюми  Лигаи олӣ

11  апрел

«Ҳосилот»  0:0  КМВА

«Файзканд»  2:1  «Кӯктош»

12  апрел | 16:00

«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол»

Довари марказӣ: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).

Ёварон: Исмоил Нуралиев (Норак), Ҷӯрабек Содиқов (Варзоб).

Довари эҳтиётӣ: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Нозири доварон: Равшан Ишматов (Кӯшониён).

Комиссари бозӣ: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

12 апрел (чоршанбе)

Оғоз – соати 16:00

«Эсхата» – «Хуҷанд»

Довари марказӣ: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Ёварон: Акмал Бӯриев (Турсунзода), Насимҷон Мансуров (Бобоҷон Ғафуров).

Довари эҳтиётӣ: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

Нозири доварон: Ориф Ҷӯраев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Шавкат Ахмедов (Душанбе).

Хуҷанд, Варзишгоҳи «Спартак»

12 апрел (чоршанбе)

Оғоз – соати 16:00

«Равшан» – «Хатлон»

Довари марказӣ: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Ёварон: Холмурод Абдусаломов, Ғайрат Рӯзибоев (ҳарду аз Шаҳринав).

Довари эҳтиётӣ: Рустам Нурматов (Душанбе).

Нозири доварон: Сафармаҳмад Шоймардонов (Хуросон).

Комиссари бозӣ: Сӯҳроб Ҳамидов (Рӯдакӣ).

Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ

Меҳрони ҚУРБОН,
АМИТ «Ховар»        

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Апрель 12, 2023 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад