ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба 7,5 млрд доллар баробар гардид

Апрель 8, 2023 08:30

ДУШАНБЕ, 08.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба 7,5 млрд доллар баробар гардида, нисбат ба соли 2021  25,1 фоиз афзоиш ёфт. Дар ин давра содироти молу маҳсулот 2,3 млрд доллар ва воридоти мол 5,2 млрд долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021  22,9 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Бояд гуфт, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар мамлакат 8 апрел Рӯзи иқтисодчиён ҳисобида мешавад. Рушди иқтисод яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад, ки ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудааст. Ва имрӯз саҳми барҷастаи иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии рушди мамлакат ва ташаккули ҷомеаи пешрафта басе назаррас мебошад.

Таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии давлат саҳмгузор буда, дар таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум иштирок мекунанд.

Тибқи таҳлилҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, дар панҷ соли охир рушди иқтисоди мамлакат ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардид. Ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард сомонӣ то ба 115,7 миллиард сомонӣ расонида шуда, суръати рушди иқтисоди миллӣ соли 2022 дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, рушди босуръати иқтисодиёти мамлакат дар панҷ соли охир асосан аз ҳисоби рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 1,8 маротиба, кишоварзӣ- 1,9, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ- 1,2, гардиши савдои чакана- 1,8, хизматрасонии пулакӣ- 1,7, мусофиркашонӣ- 1,4 ва боркашонӣ- 1,3 маротиба дар натиҷаи татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат таъмин карда шуд.

Ҳамзамон тибқи дурномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2022 қабул гардидааст, то соли 2025 ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат ба 162,9 млрд сомонӣ баробар шуда, суръати рушди воқеии он 8,1 фоизро ташкил хоҳад дод. Суръати рушди иқтисоди миллӣ асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, гардиши савдои дохилӣ, хизматрасонии пулакӣ, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ, мусофиркашонӣ ва боркашонӣ таъмин карда мешавад.

Бояд таъкид намуд, ки дар амал татбиқ намудани барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва барномаҳои соҳавию минтақавӣ имконият дод, ки рушди бонизоми иқтисоди миллӣ идома ёфта, раванди ислоҳоти иқтисодии рушди устувори давлат ва ҳадафҳои Ҳукумат баҳри беҳдошти ҳаёти мардум таъмин гардад.

Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ дар самти рушди иқтисоди миллӣ 27 стратегия, 11 консепсия, 94 барномаи соҳавӣ ва 68 барномаи минтақавӣ татбиқ шуда истодааст, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ замина мегузоранд.

Татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи саноат имкон дод, ки вобастагии иқтисоди мамлакат аз маҳсулоти воридотӣ, бахусус семент, ангишт, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи хӯрокворӣ кам гардад ва барои содироти минбаъдаи маҳсулоти саноатии ватанӣ замина фароҳам оварда шавад.

Сармояи хориҷӣ яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, рушди соҳаҳои иқтисодиёт бе ҷалби сармояи хориҷӣ, махсусан ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ имконпазир нест. Тибқи маълумоти фаврии Бонки миллӣ, соли 2022 новобаста аз ҳассос гардидани вазъи бозорҳои молия ва сармоя, суст гардидани фаъолияти сармоягузории ширкатҳои фаромиллӣ, дар натиҷаи роҳандозӣ намудани тадбирҳои саривақтӣ ба мамлакат беш аз 2,5 млрд доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021  33 фоиз зиёд мебошад.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар доираи ҳадафҳои муайяннамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Барномаи  миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи миёнамуҳлати иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 таҳия намудааст, ки барномаҳо ва стратегияҳои номбурда барои рушди устувори иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Шаҳло САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 8, 2023 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар Тоҷикистон ба 381 ҳазор адад расид
Ҳайати Туркманистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба Душанбе омад
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид