КУМАКҲОИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ. Ба қишри осебпазири Тоҷикистон ба маблағи 461,4 млн сомонӣ ёрӣ расонида шуд

Апрель 4, 2023 15:02

ДУШАНБЕ, 04.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз соли 2011 то соли 2022 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат аз ҳисоби буҷа ба қишри осебпазири ҷумҳурӣ ба маблағи 461,4 млн сомонӣ кумакҳои унвонии иҷтимоӣ расонида шудааст. Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» роҳбари бахши маблағгузории буҷет дар суғуртаи иҷтимоии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Назирмадов иттилоъ дод.

Дастгирии мақсадноки аҳолии ниёзманд тавассути расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ба шумор меравад. Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ шакли нави  пардохти кумакпулии иҷтимоӣ буда, ба тариқи нақдӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ва маъюбон дода мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки 23 декабри соли 2022 дар  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дастур дода  шуд, ки ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди мамлакат, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда шавад. Ба таъкиди  Сарвари давлат аз буҷаи мамлакат 285 миллион сомонӣ ба ин мақсад равона мегардад.

Барои фаҳмидани он ки то куҷо қишри осебпазири ҷомеа, аз ҷумла маъюбон аз ин кумакҳо бархурдор шуданд, мухбири АМИТ «Ховар» бо мутахассисону коршиносони соҳа суҳбат намуда, натиҷаҳои онро таҳлил кард.

Бояд гуфт, ки ҳамеша ба сатҳи пешрафти иқтисодиёт ва иҷтимоёти давлат аз рӯйи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, алалхус пиронсолон, маъюбон ва кӯдакони ятиму бепарастор баҳо дода мешавад. Дар ҷумҳурии мо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» аз 24 феврали соли 2017 ва қарорҳои дахлдор вобаста ба он ба оилаҳо ва шаҳрвандоне, ки тибқи арзёбии вазъи моддию маишӣ ва некӯаҳволии онҳо мақоми камбизоатӣ гирифтаанд, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ кумакпулии унвонии иҷтимоӣ таъйин ва пардохт карда мешавад.

Ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат аз расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба қишри осебпазири мамлакат, ин қабл аз ҳама, мусоидат намудан ба коҳиши вазъияти душвори зиндагӣ ва дастгирии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат, ки даромади ҳадди ақаллашон аз меъёри эҳтиёҷот пасттар мебошад, ҳамзамон муҳайё намудани шароите, ки ба ин қишри ҷомеа имконияти баланд бардоштани сатҳи зиндагиашонро фароҳам меорад ба шумор меравад.


Тибқи қарори нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020 «Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъйин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тағйиру илова ба он андоза ва тартиби пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ тағйир дода шуд. Тибқи он андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои як оила ва шаҳрванди камбизоат бо назардошти кӯдакони то 16-сола, ки дар маълумотнома оид ба ҳайати оила дарҷ карда шудаанд, барои дувоздаҳ моҳ то 1 июли соли 2023 дар ҳаҷми 8 нишондиҳанда (1 нишондиҳанда баробар ба 68 сомонӣ) барои ҳисобҳоро ташкил дода, ҳар семоҳа дар ҳаҷми 2 (ду) нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт карда мешавад, ки айни ҳол баробар ба 544 сомонӣ аст.

Дар ҳамин ҳол маъюбоне ҳастанд, ки аз нагирифтани кумаки якдафъаинаи иҷтимоӣ шикоят мекунанд. Яке аз онҳо Ф. Саидов, сокини 64-солаи шаҳри Душанбе аст, ки бо вуҷуди маъюби гуруҳи II буданаш аз кумаки яквақтаина бархурдор нашудааст. Ӯ дар суҳбат бо мо гуфт, ки баъди шунидани расонидани кумаки якдафъаина ба мақомоти дахлдор муроҷиат кард, вале маълум гардид, ки ӯ ба рӯйхати кумакгирандагон ворид нашудааст.

«Соли 2020 расонидани кумаки яквақтаина сурат гирифта буд, ки дар баробари дигар қишри осебпазири ҷомеа ман чун маъюб аз маблағи 400 сомонӣ бархурдор гардидам. Аммо соли 2022, вақте гуфтанд, ки ба маъюбон низ кумаки яквақтаина дода мешавад, умедворам будам, ки инро мегирам, мутаассифона, нагирифтам», — изҳор дошт ӯ.

Ба иттилои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ҷумҳурӣ, мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020 «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал (400 сомонии онвақта) агар кумаки яквақтаина барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ пешбинӣ гардида, аз ҷумла ба тамоми 13 категорияи маъюбон пардохт карда шуда бошад, пас дар соли 2023 кумаки якдафаина ба 9 категорияи маъюбон  пардохт карда шуд.

Муовини аввали директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ҷумҳурӣ Ҷамила Абдураҳмонзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки соли 2020 агар ба 150 ҳазор маъюб ба миқдори 60 млн 40 ҳазору 800 сомонӣ кумаки якдафъаина пардохт карда шуда бошад, пас то семоҳаи соли 2023 ба 106 ҳазору 338 маъюб ба андозаи 63 млн 802 ҳазору 800 сомонӣ маблағ пардохт гардидааст.


Ӯ гуфт, ки бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2022 оид ба пардохти кумакпулиҳои яквақтаина барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба 240 ҳазору 85 нафари эҳтиёҷманд ба маблағи 144 млн 51 ҳазор сомонӣ кумакпулии яквақтаина маблағгузорӣ карда шуд.

Тавре дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд, шумораи маъюбон дар ҷумҳурӣ то 1 декабри соли сипаригардида 159 ҳазору 526 нафарро ташкил медиҳад, ки 32 ҳазору 180 нафари он кӯдак мебошад. Ҳамзамон ба иттилои манбаъ, маъюбон дар Тоҷикистон 1,59 фоизи аҳолиро ташкил медиҳанд. Тибқи омор, маъюбони гурӯҳи I — 10,6 фоиз, гурӯҳи II — 48,2 фоиз ва маъюбони гурӯҳи III — 20,9 фоизро ташкил медиҳанд.


Тибқи замимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри  соли 2022 гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла маъюбон (105 604), аз ҷумла иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ (24), маъюбони амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар (560), маъюбони рафъи садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил (1230), маъюбони хизмати ҳарбӣ (1107), маъюбони овони кӯдакӣ (меҳнатӣ 7274), маъюбони овони кӯдакӣ (иҷтимоӣ 44358), маъюбони умумии бемории иҷтимоӣ (18604), маъюбони то 18-сола (32447) аз кумакҳои якдафъаина баҳравар гардиданд.

Муовини сардори Хадамоти давлатии экспертизаи тиббии иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ғаффор Миралиев гуфт, ки солона аз ҷониби Хадамоти  давлатии эекспертизаи тиббии иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 1400-1500 маъюб ба қайд гирифта шуда, дар навбати худ аз ҳисоби тавонбахшӣ ин шумора кам мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» амал мекунад ва ҳамасола аз шумораи умумии маъюбони ба қайд гирифта аз 7 то 8 ҳазор аз рӯйхат бароварда мешаванд.

«Тӯли се соли охир дар мамлакат нишондиҳандаи маъюбият вобаста ба шумораи аҳолӣ аз 164 фоизи соли 2020 ба 157 фоизи соли 2022 паст фароварда шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба дигар мамлакатҳои пасошӯравӣ пасттарин дониста мешавад»,-афзуд дар идома.

Дар мавриди муайян намудани гурӯҳи маъюбӣ дар Хадамоти давлатии экспертизаи тиббии иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷимоии аҳолии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки аз ҷониби мутахассисони Хадамот вобаста ба соҳаи бемории одамон  экспертизаи тиббӣ гузаронида шуда, гуруҳи маъюбии онҳо муайян карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, агар қобилият аз рӯи гурӯҳбандӣ бо фоиз муайян карда шавад, ба онҳое, ки то 25 фоизи қобилиятнокиашонро гум кардаанд, маъюбият дода намешавад. Ба шахсоне, ки аз 25 то 50%-и қобилияташонро гум кардаанд, маъюбияти гурӯҳи III, аз 50 то 75 фоизро гум карда бошанд, маъюбияти гурӯҳи II ва нафароне, ки аз 75 то 95 — 100 фоизи қобилиятнокиашонро аз даст додаанд, маъюбияти гурӯҳи I дода мешавад.

Гуфта мешавад, ки аз рӯи барномаи дурнамои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, агар соли 2022 андозаи кумакпулӣ 512 сомониро ташкил медод, пас соли 2025 андозаи он то ба 1406 сомонӣ баланд бардошта мешавад.


Мавриди тазаккур аст, ки Ҳукумати мамлакат пайваста баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аҳолии ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, бо ҷорӣ кардани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ва яквақта сиёсати иҷтимоии давлатро тақвият мебахшад.  Гувоҳи ин гуфтаҳо, агар аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати пардохти кумакпулиҳои якдафъаина соли 2020 дар маҷмӯъ 174 миллиону 944 ҳазору 400 сомонӣ барои 37 ҳазору 361 нафар ҷудо шуда бошад, пас соли 2022 ба 475 ҳазор нафар қишри осебпазири ҷомеа 285 миллион сомонӣ равона гардидааст. Яъне дастгирӣ ва таваҷҷуҳи давлат нисбат ба қишри осебпазири ҷомеа бештар мегардад.

Ҳамзамон бояд гуфт, ки бо талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ барои маъюбон дар тамоми соҳаҳо имконияти баробари кору зиндагӣ фароҳам оварда шуда, сол то сол шароити иқтисодиву иҷтимоии онҳо беҳтар мегардад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Апрель 4, 2023 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

7 МАЙ — РӮЗИ РАДИО ВА КОРМАНДОНИ ТАМОМИ СОҲАҲОИ АЛОҚА. Ислоҳот дар соҳаи алоқа бо маром идома дорад
Ба иштирокчиён ва маъюбони ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ омили мустаҳкамии оилаҳо дар Тоҷикистон аст
Дар минтақаи Кӯлоб оид ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирии хурофотпарастӣ ҷаласа доир гардид
«ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ВАТАН ШАРАФ АСТ». Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сарбозони аз қисмҳои ҳарбӣ баргаштаро пешвоз мегирад
АРЗҲОИ ДӮСТӢ. Узбекистон шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон мебошад
Дар якчанд шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бар асари бориши шадид сел ба амал омад
«Барномаи биллингӣ» шаффофияти пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсиро дар муассисаҳои таҳсилӣ таъмин менамояд
МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
МАСИРИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ. Андешаҳои Абдураҳим Шоҳиён дар робита ба ин мавзуъ
«ВАТАН-ШУКУҲАТ ПОБАРҶО». Дар Тоҷикистон озмуни қироати шеър ва маҳорати суханварӣ бо забонҳои хориҷӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ. Рақамикунонии соҳаи андоз роҳи таъмини барзиёди қисми даромади буҷети давлатиро васеъ намуд