МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли растаниҳои баҳорӣ организми инсонро тоза ва ҳифз менамояд
ДУШАНБЕ, 22.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон мамлакати кӯҳсор буда, дар табиати нотакрори он ҳазорон намуди гиёҳҳои шифобахш мавҷуд аст. Аз ҷумла, чукрӣ, торон, шибит, рошак, қоқу, каравчак ва дигар намудҳои растаниҳои ба саломатӣ муфид дар мамлакати мо зиёд мерӯянд.
Ба тавсияи директори Муассисаи давлатии Маркази илмиву тадқиқотии фарматсевтии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Аҳмадзода, бояд ҳар шахс дар фасли баҳор ба таври зарурӣ растаниҳои баҳорӣ истеъмол намояд, зеро захираи онҳо дар организм ба сифати маводи зиддисироятӣ ё антибиотик хизмат мерасонад.
«Аз ҷумла, дар таркиби баргу пояи растании чукрӣ 95 фоиз об, 7 фоиз сафеда, 2,9 фоиз қанд, 1 фоиз нахи ғизоӣ ва 1 фоиз кислотаи органикӣ мавҷуд аст. 100 грамми он 16 килокалория энергия дорад», -гуфт мутахассис.
Ба гуфтаи мавсуф, дар таркиби чукрӣ 325 милиграмм калий, 35 милиграмм натрий, 44 милиграмм калтсий ва 17 милиграмм магний ва фосфор, каротин, витамини B1, B2, витаминҳои PP ва витамини С мавҷуд аст.
Қисматҳои истифодашавандаи он дар тиб — барг, поя, реша, кундареша ва тухми растанӣ мебошад, ки муҳлати нигоҳдории он то се сол аст.
«Абӯалӣ Ибни Сино ин гиёҳро барои муолиҷаи диққи нафас, дарди меъдаву рӯда, илтиҳоби ҷигар, иллати гурдаву масона ва чун маводи иштиҳоовар тавсия додааст. Инчунин чукриро барои табобати омос, лабу зарби узвҳо ва пок кардани рӯй аз доғҳои кунҷитак тавсия додаанд», — иброз дошт табиб.
Дар тибби мардумӣ чукриро чун гиёҳи иштиҳоовар ва барои илтиҳоби камшираи меъда, илтиҳоби ҷигару талхадон, тангшавии роҳҳои талха, табларза ва камхунӣ истифода мебаранд.
Дар тибби муосир чукриро барои илтиҳоби пардаи луобии меъда, яъне гастрит, ки бар асари ин беорӣ хосияти шираҷудокунии меъда паст мешавад, тавсия менамоянд. Чукриро ба беморони дорои фишори баланди хун низ тавсия медиҳанд.
Бояд тазаккур дод, ки масъалаи омӯзиши олами набототи худрӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи оқилонаю сарфакоронаи онҳо яке аз масъалаҳои муҳим буда, солҳои охир аҳамияти илмию амалии он ба маротиб меафзояд. Хусусан боғикунонии гиёҳҳои ғизоӣ ва нодиру камёфти худрӯй дар шароити имрӯза басе зарур аст.
Ба иттилои директори Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб, доктори илмҳои биологӣ Мариё Бобоев, ин гурӯҳи растаниҳоро хоҷагидорон метавонанд дар қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва боғҳояшон бе мушкилӣ парвариш намоянд.
Ба гуфтаи ӯ, ин растаниҳои ғизоии ёбоӣ ба нигоҳубин ва ғизодиҳии иловагӣ чандон эҳтиёҷи зиёд надоранд. Кишти тухми ҳамаи намудҳои растаниҳои ғизоӣ бояд моҳҳои октябр-ноябр гузаронида шавад, то сертификатсияи табииро гузаронанд.
«Кормандони Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб тайи солҳои охир ба парвариши растаниҳои ғизоӣ ва нодир, ки яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад, шуруъ кардаанд. Солҳои охир кормандони боғ гурӯҳи калони растаниҳои ғизоӣ ва шифобахшро дар шароити боғ парварида истодаанд, ки ин ба ҳифзу нигаҳдории минбаъдаи онҳо мусоидат менамояд»,- гуфт Мариё Бобоев.
Бояд гуфт, ки аз соли 2003 инҷониб бо ташаббуси муассиси Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб шодравон Тилло Бобоев дар боғ гӯшаи растаниҳои нодиру камёфт ва ғизоӣ ташкил гардидааст. Ҳамасола аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ растаниҳо дар шакли тухмӣ ва қаламча оварда шуда, дар ин ҷо аз таҷриба гузаронида мешаванд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






