ОБ ҲАМАРО МУТТАҲИД МЕСОЗАД. Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар ноҳияи Шаҳринав конференсия доир шуд

Апрель 24, 2023 20:18

ДУШАНБЕ, 24.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 20 апрел бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҳти унвони «Об ҳамаро муттаҳид месозад» Конференсияи илмӣ-назариявии ноҳиявӣ доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав.

Дар конференсия доир ба таҳдидҳои муосири ҷаҳонӣ, тағйирёбии иқлими сайёра, зиёдшавии хатарҳои табиӣ, аз қабили обхезӣ, фаромадани тарма, обшавии пиряхҳо, мушкилот вобаста ба таъминоти об баробари зиёдшавии босуръати аҳолӣ, хурӯҷи бемориҳои сирояткунанда ва ғайра гуфта шуд.

Иброз гардид, ки Президенти Тоҷикистон вобаста ба вазъи кунунии пиряхҳои Тоҷикистон таъкид намуда буданд, ки вазъияти нигаронкунанда дар пиряхҳои Помири Тоҷикистон тӯли чанд соли охир баръало мушоҳида шуда, омили асосии тағйирёбии иқлим- ин обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ мебошад. Обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобаста аст, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд вобаста ба масъалаҳои об ва иқлим пешниҳод намуда буданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи мушаххаси Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муқаррар карда шавад.

Мояи ифтихор аст, ки Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дар Иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро эълон намуд. Ин иқдоми наҷибу саривақтии Президенти Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ дастгирӣ карда шуд.

Ҳамзамон 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳи Нидерланд Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба Шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 доир гардид.

Воқеан, ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи созмонҳо ва ҳамоишҳои мухталифи минтақавию байналмилалӣ, бахусус дар соҳаи об ва иқлим, ки ниёзҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастанд, нақши муассир ва ҳалкунанда мебозанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Апрель 24, 2023 20:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
­Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд