Қобилияти зинда мондани тибетиҳо дар баландкӯҳҳо ба шир вобаста будааст
ДУШАНБЕ, 23.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи байналмилалии палеохимикҳо аввалин далели шайъиро пайдо карданд, ки сокинони баландкӯҳи Тибет тавассути парвариши шир ва мавҷудияти генҳое, ки барои ҳазм кардани маҳсулоти ширӣ имкон медиҳад, ба зиндагӣ дар баландкӯҳ мутобиқ шудаанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус дафтари матбуоти Институти геоантропологияи Олмон (SHH) хабар додааст.
«Тадқиқоти мо тамоюли хеле равшанро нишон дод. Протеинҳои шир танҳо дар дандонҳои он одамони қадим мавҷуд буд, ки дар даштҳои баланд дар ғарб ва шимоли Тибет зиндагӣ мекарданд, ки дар он ҷо зироат парвариш кардан ғайриимкон аст», — изҳор намуд муҳаққиқи SHH Танг Ли ва илова кард, ки чунин нишонаҳо дар дандонҳои сокинони водиҳои марказӣ ва ҷанубу шарқӣ, ки барои кишоварзӣ бештар мувофиқанд, вуҷуд надорад.
Таркиби химиявии дандонҳои одамоне, ки тақрибан 3,5 ҳазор сол пеш дар баландкӯҳ зиндагӣ мекарданд, нишон дод, ки чорвопарварии ширдеҳ дар минтақаҳои дастнорас дар баландии 3,7— 4,65 ҳазор метр аз сатҳи баҳр паҳн шудааст. Дар дандонҳои қариб ҳамаи сокинони ин минтақа сафедаҳо мавҷуданд, ки асоси шири бузу гӯсфандро ташкил медиҳанд. Ин ба сокинони ҳамворию водиҳо, ки асосан ғизои растанӣ мехӯрданд, хос набуд.
Истифодаи густурдаи шир дар байни сокинони баландкӯҳи Тибет, ба гуфтаи муҳаққиқон, аз он шаҳодат медиҳад, ки чорвои ширдеҳ дар мутобиқ шудани тибетиҳо ба зиндагӣ дар минтақаҳои барои кишоварзӣ номувофиқ нақши муҳим бозидааст. Инро инчунин шаклҳои генҳо нишон медиҳад, ки аксар вақт дар ДНК — и кофташудаи сокинони қадимаи Тибет мавҷуд аст ва барои ҳазми маҳсулоти ширӣ зарур мебошад.
Сарзамини Тибет яке аз ҷойҳои номусоидтарин барои ҳаёти инсон дар сайёра мебошад. Вай дар баландии 4,3 ҳазор километр воқеъ буда, дар қаламрави он, махсусан дар минтақаҳои марказӣ ва чанубӣ дар наздикии қуллаҳои баландтарини кӯҳҳои Ҳимолой иқлими хеле сахт ва қаҳратун ҳукмфармост.
Ба наздикӣ генетикҳо муайян карданд, ки шароити беназири зиндагӣ дар Тибет таҳаввулоти сокинони онро суръат бахшида, онҳоро водор сохт, ки дар муддати хеле кӯтоҳ намудҳои беназири генҳоро ба даст оранд, ки ин барои беҳтар таҳаммул кардани сардӣ ва норасоии оксиген кумак менамояд. Ин сабаби таваҷҷуҳи зиёди антропологҳо гардид, ки онҳо дар ин кӯҳистон кай ба зиндагӣ сар кардаанд ва раванди мустамликакунии он чӣ тавр сурат гирифтааст.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






