Ғолибони бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 13.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 12 апрел бозии даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ дар байни дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар доир шуд.
Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб хеле ҷолиб баргузор шуда, бо ҳисоби 0 бар 1 ба нафъи дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар анҷом ёфт. Ягона голро дар идомаи вохӯрӣ Умарҷон Шарипов аз ҳайати дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар дақиқаи 75-ум ба нишон расонид. Дар дақиқаи 61-ум ҳамлагари дастаи «Равшан» Абдулфаттоҳ Худойдодзода пас аз вайрон кардани қоидаи бозӣ корти сурх гирифт ва аз бозӣ берун карда шуд. Умарҷон Шарипов аз ҳайати дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар беҳтарин бозингари вохӯрӣ дониста шуд.
Қобили тазаккур аст, ки ин аввалин ғалабаи дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар мавсими имсолаи Лигаи олӣ маҳсуб мешавад. Қаблан дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар бозии даври аввал аз дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 3 бар 1 ва дар бозии даври дуюм аз дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2 бар 0 мағлуб гардида буд.
Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб аввалин бохташро ба қайд гирифт. Онҳо дар бозии даври аввал ба муқобили дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 3 бар 1 пирӯз шуда, дар бозии даври дуюм ба муқобили дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе 0 ба 0 мусовӣ бозӣ карданд.
Ҳамчунин 12 апрел бозии дигари даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд доир шуда, бо ҳисоби 0 бар 1 ба нафъи дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд анҷом ёфт.
Ягона голро дар ҷараёни вохӯрӣ Бом-Гин Бе аз ҳайати дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар дақиқаи 26-ум ба нишон расонид. Азизбек Ҳаитов аз ҳайати дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд беҳтарин бозингари вохӯрӣ дониста шуд.
Ин аввалин ғалабаи дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар мавсими имсолаи Лигаи олӣ аст. Қаблан дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар бозии даври аввал аз дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 4 бар 0 мағлуб шуда, дар даври дуюм бо дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода мусовӣ бозӣ карда буд.
Дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо аввалин бохт рӯ ба рӯ гардид. Онҳо дар бозии даври аввал ба муқобили дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 3 бар 2 ва ба муқобили дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуда буданд.
Ёдовар мешавем, ки дар даври навбатии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд дар даври навбатӣ 15 апрел бо дастаи футболи «Регар – ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар мизбонӣ бозӣ мекунад. Дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо дастаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор вориди рақобат мегардад. Вохӯрии дастаҳо 16 апрел дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир мегардад.
Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар даври навбатӣ 16 апрел бо дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар сафар бозӣ мекунад.
Дар ҷадвали мусобиқа дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ҳоло бо касби 7 имтиёз садрнишин аст. Дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо 6 имтиёз дар зинаи дуюм ва дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо 5 имтиёз дар зинаи 3-юми ҷадвали мусобиқот ҷой гирифтаанд. Дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ дар зинаи охир бе имтиёз ҷойгир аст.
Меҳрони ҚУРБОН,
АМИТ «Ховар»
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






