Олимон муайян карданд, ки чӣ тавр паст шудани ҳарорати бадан умрро дароз мекунад
ДУШАНБЕ, 22.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Муҳаққиқони олмонӣ механизми иқтидориеро кашф карданд, ки чӣ гуна паст шудани ҳарорати бадан ба суръати пиршавӣ ва тағйирёбии синну сол дар мубодилаи сафедаҳо таъсир мерасонад.
Тавре ки «АЗЕРТАҶ» бо истинод ба расонаҳои хориҷӣ хабар медиҳад, ҳарорати ниҳоят паст ҳалокатовар аст, аммо ба таври муътадил паст шудани ҳарорати бадан ба давомнокии умри организмҳои хунсард ва хунгарм, аз ҷумла одамон таъсири судманд мерасонад. Бо вуҷуди ин олимон то ҳол дар бораи механизмҳои мушаххасе, ки давомнокии умрро бо паст шудани ҳарорати бадан зиёд мекунад, кам медонанд, ки истифодаи ин донишҳоро дар амал маҳдуд мекунад.
Барои фаҳмидани он ки то чӣ андоза сардӣ ва умри дароз бо ҳам алоқаманданд, муҳаққиқони Донишгоҳи Кёлн (Олмон) таъсири ҳарорати пастро ба фаъолияти протеасом-комплексҳои бисёрпротеинӣ, ки ба нобуд кардани сафедаҳои ноқис ё нолозим дар ҳуҷайра масъуланд, омӯхтанд. Фаъолияти дурусти протеасом барои фаъолияти ҳуҷайра муҳим аст ва ҷамъшавии миқдори зиёди сафедаҳои вайроннашаванда ба пиршавӣ алоқаманд аст.
Аммо муаллифони тадқиқот, ки дар маҷаллаи Nature Aging нашр шудааст, исрор доранд, ки пеш аз истифодаи «PSME3-терапия» барои суст кардани раванди пиршавӣ бояд тадқиқоти иловагӣ гузаронида шавад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: «АЗЕРТАҶ»








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






