Маркази матбуоти Отряди сарҳадии «Хоруғ»-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар ВМКБ хабар медиҳад

Апрель 28, 2023 10:34

ДУШАНБЕ, 28.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 28 апрели соли 2023, шабона соати 1-у 30-дақиқа, гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбарони фаромиллӣ иборат аз 8 нафар, таҳти роҳбарии Додихудо, Нодиршо ва Забӣ валади Муҳаммадсахӣ, сокинони қарияи Барпанҷаи вулусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон, бо мақсади интиқоли маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон ва силоҳу лавозимоти ҷангӣ, хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро дар аломати 184-уми минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 9-уми «Тишор»-и Отряди сарҳадии «Хоруғ»  убур намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази матбуоти Отряди сарҳадии «Хоруғ»-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  хабар доданд.

Қочоқбарон ба амри марзбонони тоҷик дар хусуси таслим шудан итоат накарда, аз силоҳҳои гурӯҳӣ оташ кушоданд.

Ҷинояткорон ба оташи ҷавобӣ тоб наоварда, маводи мухаддир ва силоҳу лавозимоти ҷангиро дар ҷои ҳодиса партофта, бо истифода аз торикии шаб ба тарафи Афғонистон фирор карданд.

Дар ҷои ҳодиса 3 нафар ҳаммаслакони қочоқбарони афғон аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Домуллоҷонов Эмин Амирович, соли таваллудаш 1982, зода ва истиқоматкунандаи  шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, Саидманзаров Нидо Сайфуллоевич, соли таваллудаш 1993, зодаи деҳаи Ёмчи ноҳияи Шуғнон, сокини шаҳри Хуҷанд ва Саидмурсалов Наврас Саидмусоевич, соли таваллудаш 1987, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастгир карда шуданд.

Аз ҷои ҳодиса 45 кг маводи мухаддири сахттаъсири навъи «героин», 1 адад автомати Калашников бо 4 адад тирдон, 74 дона тир,  1 адад дурбини махсуси назорати шабона, 10 (даҳ) ҳазор доллари ИМА дарёфт ва мусодира карда шуд.

Мутаассифона, ҳангоми задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқбарони афғон як нафар хизматчии ҳарбӣ ба ҳалокат расид.

Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ идома доранд.

АКС аз бойгонӣ

Апрель 28, 2023 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир шуд
Президенти Тоҷикистон: «Ҳифзи сулҳи пойдор вазифаи муқаддаси ҳар фарди ҷомеа мебошад»
Дар Суғд ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир шуд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Артиши миллӣ 100 фоиз иҷро гардид
Ба сокинони шаҳри Роғун риояи талаботи қонунгузорӣ дар самти истифодаи самараноки неруи барқ фаҳмонида мешавад
Судяҳои Суди Олии Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Оид ба татбиқи барномаҳои давлатии Тоҷикистон дар пешгирии экстремизм ва терроризм конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Душанбе оид ба истифодаи технологияҳои ҳастаӣ ва бехатарии радиатсионӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Эрон нақша доранд ҳамкориро дар самти мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ густариш диҳанд
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулода Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар Душанбе масъалаи арзёбии фаврӣ ва ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ гардид