Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении ҶДММ «Азияполитекс»-ро ифтитоҳ намуданд

Апрель 1, 2023 11:21

ДУШАНБЕ, 01.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд бо пахши тугмаи рамзӣ корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Азияполитекс»-ро ба кор дароварданд.

Корхонаи нави саноатӣ дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар аз тарафи соҳибкорони ватанӣ Миразиз Усмонов ва Илҳомҷон Бобоҷонов бунёд гардидааст.

Фаъолияти корхонаи мазкур ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, дар се баст 300 нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Дар корхона панҷ хати муосири технологӣ, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Туркия ворид гардидааст, бо ҷалби мутахассисони ватанӣ васлу насб шуда, халтаҳои полипропилении калонҳаҷм бо ғунҷоиши аз 500 киллограм то 3 тонна истеҳсол карда мешавад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як моҳ то 13 ҳазор дона халтаҳои полипропилении калонҳаҷм буда, солона ба зиёда аз 156 ҳазор дона мерасад.

Тамоми номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда аз лиҳози намуд ва сифат ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ аст.

Сохтмони корхонаи мазкур соли 2018 оғоз гардида, дар масоҳати умумии 1 гектар бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.

Халтаҳои полипропилении истеҳсоли ин корхона сифати баланд дошта, барои ангишт, семент, ғалладона ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ шудааст.

Бо дарназардошти босифат будани халтаҳои калонҳаҷми корхона муҳлати истифодаи он тӯлонӣ буда, дар натиҷаи интиқоли дилхоҳ маҳсулот фарсуда намегардад.

Соҳибкорон аллакай дар баробари таъмини талаботи бозорҳои дохилӣ, истеҳсолотро бештар карда, содироти ин навъи маҳсулоти ватаниро ба кишварҳои хориҷа низ ба роҳ мондаанд.

Ҳадаф аз таъсиси корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении калонҳаҷм тақвияти иқтидори истеҳсолии вилояти Суғд мебошад.

Корхонаи мазкур дорои ошхона барои 100 нафар, ҳуҷраи либосивазкунӣ ва дигар ҳуҷраҳои корӣ мебошад, ки ҳамаи онҳо бо мизу курсӣ ва дигар шароити мусоид муҷаҳҳазанд.

Дар ҳамин ҷо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи маҳсулоти истеҳсолии корхона муаррифӣ карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати маҳсулоти истеҳсолии корхонаи навбунёди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Азияполитекс» баҳои баланд дода, ба соҳибкорон ва кормандон ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот ва баланд бардоштани иқтидори содироти он ба хориҷи мамлакат маслиҳатҳои муфид доданд.

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении ҶДММ «Азияполитекс» дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд 01.04.2023

Апрель 1, 2023 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд