Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҶДММ «Озода Косметикс»-ро мавриди истифодабарӣ қарор доданд

Апрель 1, 2023 08:54

ДУШАНБЕ, 01.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Истиқлоли шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Озода Косметикс”-ро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.

Корхонаи нави истеҳсолӣ бо саҳми соҳибкорони ватанӣ бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат бунёд гардидааст. Масоҳати умумии корхона 5 гектарро ташкил медиҳад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки хати нави технологияи муосир барои истеҳсоли собуни хушбӯйи мушкин ва хокаи ҷомашӯйӣ аз Ҳиндустон ворид шуда, васлу насб гардидааст.

ҶДММ “Озода Косметикс” дорои ду хати истеҳсолӣ буда, тавассути технологияи пешрафта ашёи хом тайёр ва аз он собуни хушбӯйи мушкин ва хокаи либосшӯйи истеҳсол карда мешавад. Дар корхона истеҳсоли 48 намуд собуни хушбӯйи мушкин, зиёда аз 5 намуди собуни хоҷагӣ ва бештар аз 10 навъи хокаи либосшӯйӣ ба роҳ монда шудааст. Маҳсулоти тайёри дар корхона истеҳсолшаванда сифати хуб дошта, дар бозор рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот мебошад.

Корхона иқтидор дорад, дар як сол бештар аз 25 ҳазор тонна собуни хушбӯйи мушкин истеҳсол намояд. Дар дохили мамлакат истеҳсол намудани собун ва хокаи либосшӯйӣ, ки асосан аз хориҷ ворид мешавад, аҳамияти иқтисодӣ дошта, омили муҳими таъмини бозори дохилӣ аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ мебошад. Дар корхона дар як рӯз 20 тонна хокаи либосшӯйи хушсифат истеҳсол карда мешавад.

Ҷиҳати таъмини бехатарии маводи шустушӯйӣ ва сифатнокии маҳсулоти истеҳсолшаванда дар дохили корхона ташхисгоҳи муосир ташкил гардидааст. Ташхисгоҳ бо таҷҳизоти пешрафтаи санҷишӣ муҷаҳҳаз буда, мутахассисон маҳсулоти дар корхона истеҳсолшавандаро тавассути он санҷида, сифатнокӣ ва бехатарии онро дақиқ менамояд. Баъди гирифтани хулосаи мусбат аз ҷониби мутахассисони ташхисгоҳ барои истифода иҷозат дода мешавад. Собун ва хокаи либсошӯйии истеҳсолшаванда аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, ба саломатии инсон безарар мебошад. Ин яке аз талаботи асосӣ барои ракобатпазирии махсулот дониста мешавад. Дар бозори истеъмолӣ маҳсулоте рақобат пазир буда метавонад, ки дорои сифат ва ба саломатӣ бетаъмир бошад.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Озода Косметикс” бештар аз 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд, ки бештари онҳо занонанд. Маҳсулоте, ки дар корхона истеҳсол карда мешавад дар баробари таъмин намудани талаботи бозори дохилӣ ҳамзамон дар оянда содироти он ба хориҷи мамлакат ба роҳ монда мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз раванди истеҳсолот иқдоми пешгирифтаи соҳибкорони маҳаллиро ҷиҳати бунёди корхонаи нави истеҳсолӣ қадами устувор дар самти татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат арзёбӣ карданд ва масъулонро барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти хушсифати рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот вазифадор намуданд.

Дар асоси лоиҳа роҳбарияти корхона нақша доранд, ки дар оянда дар доираи “Солҳои рушди саноат” солҳои 2022-2026 бо ворид намудани технологияи пешрафта истеҳсоли моеъи зарфшӯйиро ба роҳ монда, ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корхонаи “Озода Косметикс” аз намоиши маҳсулоти саноатӣ диданд карданд. Дар шароити феълии ҷаҳони муосир бунёд ва муҷаҳҳаз гардондани корхонаҳои нави истеҳсолӣ имконият фароҳам меорад, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш дода шуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад ва ба ин васила сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ аз ин ҳам беҳтару хубтар гардад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ва суҳбат таваҷҷуҳи масъулони соҳаи саноати вилояти Суғдро ба масъалаи дар оянда бунёд намудани корхонаҳои нави саноатӣ, истифода ва коркарди самараноки ашёи хоми ватанӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигарондашуда ва таъсиси ҷойҳои кории нав ҷалб намуданд.

Шарикии давлат ба бахши хусусӣ, имтиёзҳо, пешниҳоди сабукиҳо, ки бо мақсади рушди соҳаи саноат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорони ватанӣ пешбинӣ гардидааст, имкон фароҳам овард, ки дар панҷ соли охир афзоиши номгӯйи маҳсулоти саноатии истеҳсоли ватанӣ ба беш аз 40 фоиз расонда шавад.

Ифтитоҳи ҶДММ “Озода Косметикс” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 01.04.2023

Апрель 1, 2023 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш мулоқот намуданд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодаи махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Серҷио Гор ва сенатори ИМА Стив Дейн мулоқот намуданд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД. Барои ҷомеаи муосири мо ин се даҳсола асри таҳаввулоти ҷиддии фикрӣ, технологӣ ва менеҷмент ба шумор меравад
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон иқтидори энергетикӣ ба 70 МВт расонида шуд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон маросими супоридани мукофот ва ҷоизаҳои давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд